Раиси нави Хоруғ аз боварии роҳбарият ва мардум ба милиса гуфт: Афзоиш ёфтааст

© бахши матбуоти ҳукумати ХоруғРизо Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ
Ризо Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Ризо Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Хоруғ мегӯяд, боварӣ ба кормандони милитсия афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ маъмурини милитсияро бо иди касбияшон шодбош гуфта, таъкид намудааст, ки ниҳоди умури дохилӣ ба яке аз ниҳодҳои муҳиму қудратманди давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.
Ризо Назарзода, ки ахиран бо фармони раисҷумҳур ба роҳбарии Хоруғ таъйин гардид, афзуд, ки мақомоти умури дохилӣ дар тӯли фаъолияти худ ба муваффақиятҳои зиёд дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани қонунвайронкунию ҷиноят ва ҳимояи манфиати шаҳрвандон ноил гардидааст.
Алишер Мирзонабот, и.о главы ГБАО на праздновании дня милиции в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Таҷлили Рӯзи милитсия аз ВМКБ оғоз шуд: паёми шодбошии Алишер Мирзонабот
"Милитсияи тоҷик исбот намудааст, ки фаъолияти ин мақомот ба таъмини қонунияту тартибот равона гардида, имрӯз боварию эътимоди мардум ба он боз ҳам бештар шудааст", - омадааст дар паёми шодбошии Назарзода.
Ризозода изҳори итминон кардааст, ки милисаҳо минбаъд низ сазовори боварии роҳбарияти мамлакат ва мардум мегарданд.
Маврид ба зикр аст, соли 2012 дар Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала