Ришвагирӣ дар мактаби ронандагии “Чархи Роғун”: шаҳодатномаро 8000 сомонӣ нарх кардаанд

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Обуна шудан
Мудири ин мактаб барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 8000 сомонӣ талаб кардааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули мактаби ронандагии “Чархи Роғун”- и шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мудири мактаби мазкур И.Д. бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ даст задааст.
" Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд А.И. барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои В, С, Е аз шаҳрванд “А” 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифта, боз оварда додани пули боқимонда, 3200 сомониро талаб намудааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ мудир баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3200 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ мусодира шуд.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Боздошти як мақомдор барои сӯистифода аз мансаб дар Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати мудири мактаби “Чархи Роғун” бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “б", "в", "г”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда, ба боздоштшуда, ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазору 720 сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0