Русия парвозҳоро бо чанд кишвар аз сар гирифт: рӯйхат

© Sputnik / Максим БлиновСамолеты в аэропорту, архивное фото
Самолеты в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Русия ҳамчунин бо чор кишвари дигар парвозҳои чартериро барқарор кард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Аз 9 ноябр Русия расман парвозҳои чартериро ба Миср аз сар гирифт. Маълум аст, ки аввалин парвоз ба Мисрро ширкати "Nordwind" анҷом хоҳад дод.
Зимнан аз санаи зикргардида парвозҳо бо Тайланд, Тунис ва Багам сар мешаванд. Бо ин давлатҳо ҳанӯз соли 2020, дар пайи паҳн шудани бемории коронавирус равобити ҳавоӣ масдуд шуда буд.
Гуфта мешавад, парвозҳо бо Эрон, Ҳолланд, Норвегия, Уммон, Словения ва Шветсия низ расман аз сар гирифта мешавад.
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Оё Ӯзбекистон парвозҳо бо Афғонистонро аз сар мегирад?
Аммо феълан вуруди сайёҳон ба Эрону Ҳолланд, Норвегия ва Шветсия баста аст.
Илова бар ин аз 9 ноябр Русия маҳдудиятҳои равобити ҳавоӣ бо Австрия, Швейтсария, Финландия ва Амороти Муттаҳидаи Арабро лағв кард ва инчунин шумораи парвозҳо бо Албания, Булғористон, Маҷористон, Венесуэла, Юнон, Олмон, Испания, Италия, Малта, Македония ва Фаронсаро афзоиш дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Русия ва Миср ҳанӯз соли 2015, пас аз суқути як ҳавопаймои русӣ дар нимҷазираи Сино қатъ шуда буд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 224 нафар ба ҳалокат расид.
Маврид ба зикр аст, ки нархи ҳадди ақали сафари чартерӣ аз Русия ба Миср аз 15 то 26 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала