Сӯхтор дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон: вазъ дар сарҳад чӣ гуна аст?

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Мақомот тафтишотро оғоз кардаанд ва сабабҳои сӯхторро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон анбори як шаҳрванди Қирғизистон ба коми оташ рафт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Сӯхтор рӯзи 9-уми ноябр, тахминан соати 5:30 дар минтақаи Дахмаи вилояти Бодканд, дар наздикии хатти сарҳади давлатӣ рух додааст.
Бино ба гузориши мақомот, сӯхтор то соати 6:15 хомӯш карда шуд.
Дар хабар омадааст, ки мақомоти зирабт ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтор шуруъ кардаанд.
Беш аз 100 нафар дар Африқо зинда ба зинда сӯхт
Дар умум вазъ дар марз субҳи 9-уми ноябр нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад.
Ёдрас менамоем, ки рӯзе пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхторе пайдо шуда буд, ки гуфта мешуд, дар Ворух, дар маҳаллаи Мари Қурум рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала