Дар Тоҷикистон қариб кулли атфол алайҳи фалаҷ ваксина гирифтанд

© AFP 2021 / NARINDER NANUМедицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку
Медицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Дар Тоҷикистон 99,6 дарсади кӯдакон пас аз се марҳила зидди фалаҷи атфол эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз натоиҷи эмкунии кӯдакон бар зидди фалаҷи атфол дар ҷумҳурӣ гузориш дод.
Ба гуфтаи мудири кулли Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Файзалӣ Саидзода, дар маҷмуъ се даври эмкунии иловагии кӯдакони то 6-сола гузаронида шуд.
Давраи якум 1,2 миллион нафар ё худ 99,2 фоизро фаро гирифт. Дар ин давра 16,3 ҳазор кӯдаки меҳмон низ эм карда шуд.
Аллакай дар давраи дуюм боз 1,3 миллион кӯдак ё 99,1 фоиз ва 16,9 ҳазор нафар кӯдаки меҳмон низ эм шуданд.

"Аз 30 август то 12 сентябри соли 2021 даври сеюми рӯзҳои иловагии эмкунӣ дар шаҳрҳои Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баргузор ва зиёда аз 796 ҳазор кӯдак ё 99,6 фоиз, инчунин зиёда аз 5,3 ҳазор нафар меҳмонон эм карда шуд", - гуфт Саидзода.

Вазорати тандурустӣ афзуд, ки дар ин ду давр дар кишвар ягон ҳолати ҷиддии номатлуби пас аз ваксинзанӣ сабт нашудааст.
Гуфта мешавад, 4,6 миллион ваксинаи зидди фалаҷи атфол, ки кӯдакони тоҷикро эм кардаанд, аз Индонезия дастрас шудааст.
Медицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Воридоти миллионҳо ваксинаи зидди фалаҷи атфол ба Тоҷикистон
Ғайр аз ин дар зимни ин раванд 7,6 ҳазор нафар аз кормандони тиб аз омӯзиши махсус гузаштааст.
Ёдовар мешавем, ки ТУТ дар поёни моҳи март вуҷуди бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро эълом карда буд.
Аввалин ҳолати полиомиелит дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, сипас ин беморӣ дар деҳоти минтақаи Ҳисор пайдо шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала