Толибон аз Соланг акси Аҳмадшоҳи Масъудро барканданд

 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Ҷангиёни толиб аз нақби Соланг акси Аҳмадшоҳи Масъудро бо нишони ин гурӯҳ иваз карданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар нақби Соланг дар Афғонистон, ки қаблан акси Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи Шимол онро зеб медод, ҳоло нишони гурӯҳ насб гардидааст.
Акси Аҳмадшоҳи Масъудро ҷангиёни толиб барканданд ва ба ҷойи он нишони гурӯҳашонро гузоштанд.
Дар нақби мазкур, ки чанде боз корҳои таъмиру тармим ҷараён дорад, ҳоло аз қисмати рост навиштаҷоти "Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули ӯ" ҷо дода шудааст. Дар қисмати чапи нақб бояд навиштаҷоти "Аморати исломии Афғонистон" насб шавад.
Мавзолей Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Вокуниши духтари Аҳмадшоҳ Масъуд ба тахриби мақбараи падараш
Дар ҳамин ҳол Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи гурӯҳи тундгаро изҳор дошт, ки таъмири қитъаи 30-километрии шоҳроҳ дар ағбаи Соланг ба анҷом расида, системаи таъмини барқ низ дар он пурра тармим шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҷангиёни толиб мақбараи Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро қисман тахриб намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала