Барфрезӣ дар минтақаҳои куҳӣ: Пешгӯии ҳавошиносони Тоҷикистон

© AFP 2021 / Lakpa SherpaАльпинисты во время восхождения на Эверест в Непале
Альпинисты во время восхождения на Эверест в Непале  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, 10 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар бархе навоҳии куҳӣ борон ва барфрезӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳавошиносон мегӯянд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар баъзе ноҳияҳои вилоят борон ва барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15, дар баъзе минтақаҳо то 15-20 дараҷа сард ва рӯзона 2+3 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар”.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо меҳ мефарояд.
Ҳавои водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст. Ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук рӯзона 2 +7 дараҷа гарм мешаванд.
Вид на первый учебный корпус Московского государственного университета имени М.В.Ломоносова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
"Барф меборад": Рӯзи омадани зимистон дар Маскав эълон шуд
Дар вилояти Хатлон, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида меҳ мефарояд. Шабона водиҳо 4-9 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар бархе водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барфрезӣ ва дар бархе минтақаҳо меғ пешгӯӣ гардидааст.
Ҳавошиносон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва тағйирбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва фаромадани туман низ дар назар аст. Таъкид шудааст, ки дар пойтахт дамои ҳаво шабона ба 3-5 ва рӯзона ба 10-12 дараҷа мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала