Марди мисрӣ ҳамсарашро бидуни "мake up" диду талоқ дод

© Flickr \ DualD FlipFlopЖенщина и зеркало. Архивное фото
Женщина и зеркало. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Мард бо ҳамсараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстӣ пайдо кард, ошиқ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ издивоҷ кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Дар Миср як оилаи навбунёд баъди он ки мард ҳамсарашро бори нахуст бидуни рангу бор дид, аз ҳам пошид, менависад "Gulfnews".
Гуфта мешавад, мард дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо як бону шиносу мафтунаш шуд ва дар зудтарин фурсат ҷашни арӯсӣ доир кард.
https://sputnik-tj.com/20191003/uzbakiston-zan-jarrohi-plastiki-favtidand-1029973215.html
Зимнан пас аз маросими арӯсӣ, вақте бори нахуст ҳамсафари зиндагияшро бидуни ороиш дид, зуд тасмим гирифт, ки аз ӯ ҷудо шавад.

"Ман ҳайрон шудам, зеро занам ба бонуе, ки қабл аз издивоҷ бо ӯ чанд бор вохӯрдам, ҳеҷ монандие надошт. Аксҳои ӯро дар "Facbook" дида будам. Аммо бидуни ороиш ба худаш тамоман монанд нест", - шиква намудааст ӯ дар додгоҳ.

Манбаъ меафзояд, феълан тасмими додгоҳ маълум нест, вале зану мард аллакай якҷоя зиндагӣ намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0