Муколамаи навбатии дабирони амниятӣ дар мавриди Афғонистон соли 2022 баргузор мешавад

© AP / Ministry of External AffairsВстреча секретарей Советов безопасности в Индии
Встреча секретарей Советов безопасности в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Дабирони амнияти кишварҳои минтақа ҷонибдорияшонро аз эҷоди як фазои орому бахатар дар Афғонистон баён доштанд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Иштирокдорони муколама дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Деҳлӣ тасмим гирифтаанд, ки мулоқоти навбатиро соли 2022 баргузор намоянд.
Дар бораи баргузории мулоқоти навбатӣ дар соли 2022 дабирони амният дар як эъломияи муштарак хабар доданд.
Намояндагони Русия мегӯянд, ки дар ин ҳамоиш иштирокдорон ҷонибдорияшонро аз як Афғонистони орому бехатар баён дошта, амалҳои террористӣ дар қаламрави ин кишварро маҳкум карданд.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия аз баргузории муколамаи минтақаӣ дар Деҳлӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки чунин таҷриба бояд тавсеа дода шавад.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд
"Муҳим аст, ки дар сатҳи баланд тамоми мушкилоти марбути Афғонистон баррасӣ гарданду чораҳо алайҳи чолишу таҳдидҳо аз Афғонистон таҳия шаванд", - илова намуд ӯ.
Дабири Шӯрои амнияти Русия пешниҳод намуд, ки чунин мулоқотҳо бо вуруди масоили мубрами дигари минтақаӣ дар барнома тавсеа дода шаванд.
Муколама дар шаҳри Деҳлӣ бо иштироки намояндагони мақомоти амниятии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт.
Аз Тоҷикистон Насурулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти кишвар дар ин мулоқот иштирок карда, омодагии Душанберо барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала