Қуми биёбони Қазоқистон ҳавои Суғдро чанголуд кард

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Шаҳру навоҳии вилояти Суғдро давоми панҷ рӯзи ахир чангу гарди ғафс фаро гирифтааст. Дару тирезаи хонаю коргоҳ, мошин ва хуллас ҳама ҷо чанголуд шудааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Масъулини Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд гуфтанд, ки бавуҷудоии чунин вазъи ногувори табииро таҳқиқ доранд.
Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ чангу гард аз биёбонҳои кишвари Қазоқистон ва Туркманистон хеста, то ба вилояти Суғд ва водии Фарғона расидааст.

"Қуми биёбонҳои Қазоқистон ва Туркманистонро шамоли сахт ба атмосфера бардошта, то ба вилояти Суғд ва водии Фарғона паҳн намудааст”, - иброз намуд Ҳомидов.

Ин масъули Маркази обуҳавосанҷӣ мегӯяд, ҳолати бавуҷудомада бесобиқа буда, рухдоди чунин вазъи табииро онҳо дар таҷрибаи беш аз даҳ солаи худ ёд надорад.
Ҳомидов таъкид намуд, зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки миқдори паҳншавии чангу гарди ҳавои атмосферӣ то ба 0, 12 метри мукааб расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои пеш қариб як баробар зиёд гуфта мешавад.
Коршиносони Маркази обуҳавосанҷии Суғд мегӯянд, то ин замон миқдори паҳншавии чанг то 0, 7 метри мукааб ба қайд гирифта буд. Панҳншавии чангу гард ба Суғд аз рӯзи 5 ноябр шуруъ шуд ва бо гузашти панҷ рӯз ҳоло вазъ дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрҳои Конибодому Исфара то 0, 5 метри мукааб кам шудааст.
Пыльная буря в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Тӯфони реги "заҳролуд" сокинони Тошкандро нафасгир кард - видео
Вале обуҳавосанҷон мегӯянд, ҳанӯз ин сиклон ва ё фишор дар болои шаҳрҳои Тошканди Ӯзбекистон ва Нурсултони Қазоқистон боқӣ монда, дар сурати вазиши шамол аз Шимол ба Ҷануб эҳтимол асароти он дубора ба Суғд расад.
Ҳавои тираи чангу ғуборолуд ба вазъи саломатии сокинон бетаъсир набуда, барои нафароне, ки мушкили диққи нафас ва фишорбаландӣ доранд, азияткунанда аст.
Дар чунин ҳолат коршиносони Маркази обуҳавосанҷӣ тавсия медиҳанд, ки сокинон дар вақти паҳншавии чангу гард барои ҳифзи саломатии худ аз маскаҳои муҳофизаткунанда истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0