Раҳимов ваъда дод, ки ба Тоҷикистон медали тилло меорад: видеои истиқболи ӯ дар Душанбе

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Темур Раҳимов аз миёни тими варзишгарони тоҷик танҳо нафаре шуд, ки аз мусобиқаи Боку бо медали нуқра баргашт
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, ки дар мусобиқаи "Baku Grand Slam - 2021" ба гирифтани медали нуқра сазовор шуд, ба Тоҷикистон баргашт ва аз ӯ истиқбол карданд.
Сомонаи "Варзиш" хабар медиҳад, ки намояндагони Федератсияи ҷудо, варзишгарон ва мухлисони ӯ дар саҳни бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ин паҳлавонро пешвоз гирифтанд.
Нахуст ӯро қаҳрамони ҷаҳон Дилшод Назаров бо гулдаста пешвоз гирифт ва аз қувваозмоии дидании ӯ тавсиф намуда, изҳор кард, ки дар оянда Раҳимов имкони гирифтани медали тилоро низ дорад.
Худи варзишгар низ зикр намуд, эътимоди Назаров нисбаташ боиси фахри ӯст ва ваъда дод, ки дар мусобиқаи баъдӣ кӯшиш мекунад, ба Тоҷикистон медали тило орад.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Темур Раҳимов дар Боку медали нуқра гирифт - видео
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов, ки дар мусобиқаи мазкур ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт, рақиби олмонияш Ҳейнле Свенро шикаст дода, дар марҳилаи ниҳоӣ аз рақиби ҷопонияш шикаст хӯрд.
Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ Раҳимовро шодбош гуфта, медали нуқраро низ дар чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дастоварди бузург хондаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала