Аҳмадзода аз сафар ба Беларус ёдовар шуду кори шаҳрсозони Суғдро интиқод кард

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода, глава согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ёдовар шуд, ки аснои сафар ба Беларус ба маротиб тавсифи мавзеъҳои таърихии ин минтақаро шунид. Ӯ гуфт, набояд ин мавзеъҳо тахриб ва нобуд шаванд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозии вилоятӣ дастур дод, ки мавзеъҳои таърихии Суғд ҳифз шаванд.
Раис аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар атрофи бозори "Панҷшанбе" изҳори нигаронӣ намуда талаб намуд, ки ҳамаи иншоотҳои сохташуда барандохта шаванд.
Дар идома Аҳмадзода аз сафар ба Ҷумҳурии Беларус ёдовар шуда, зикр намуд, ки ба маротиб дар бораи ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ ба мисли оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, бозори "Панҷшанбе" ва Қалъаи Хуҷанд тавсифҳо шунидем.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Афзоиши сохтмони биноҳои бисёрошёна дар Суғд: Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудӣ
Аз ин рӯ Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро муваззаф намуд, ки ҷиҳати ҳифзи таърихи ободонии шаҳр тадбирҳо андешанд.

"Иншоотҳои таърихии меъмориро тадриҷан ба тартиб даровардан лозим аст. Аз ҷумла бояд ҳудуди бозори “Панҷшанбе” аз биноҳои ғайриқонунӣ комилан пок карда шавад. Ин амри сарвари давлат аст”, - талаб намуд Аҳмадзода.

Зимнан, раиси вилоят вазъи сохтмонҳоро баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дастур додааст. Ӯ талаб намуд, ки камбудиҳо дар таҳияи нақшаи муфассали кӯчаҳои асосии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Гулистону Бӯстон, маркази ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафаробод ислоҳ карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0