Русия аз мизони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт

© Фото : КремльВстреча Владимира Путина и Эмомали Рахмона
Встреча Владимира Путина и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Маскав ва Душанберо ҳамкориҳои тӯлонӣ, ки сол то сол вусъат меёбанд, ба ҳам наздик мекунад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Беш аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
Дар ин бора Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия тайи як мизи мудаввари бахшида ба тавсеа ва такмили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ибрози назар кард.

"Ҷониби Русия омодааст, таҷрибаи худро дар таҳияи қарорҳо дар заминаи эҷоди як шаҳри ҳушманд ва бехатар, инчунин амнияти иттилоотӣ мубодила кунад", - таъкид кард ӯ.

Кутепов тавзеҳ дод, ки ширкаткунандагони нишаст ҳамчунин дурнамои рушди низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохт дар Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои муассир дар бахшҳои молӣ ва сармоягузорӣ бо Федератсияи Русия баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки мизи мудаввар дар чаҳорчӯби Форуми VII байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон, ки аз 10 то 11 ноябр дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, баргузор шуд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Сарнавишти равобити Русия ва Тоҷикистон дар даҳ соли оянда
Дар рафти он ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистонро лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои гуногун ба ҳам мепайвандад. Дар миёни онҳо ташаббусҳо дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, иқтисод, маориф, кишоварзӣ ва бисёре аз дигар соҳаҳо низ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала