Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд

Виза в паспорте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Чунин тадбир аз эҷоди "анклавҳо дар замини суннатии русҳо" пешгирӣ мекунад, мегӯяд Миронов
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Русия бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кунад. Дар ин бора раиси Ҳизби "Русияи одилона - барои ҳақиқат" Сергей Миронов зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хориҷиён ба шаҳрвандони Русия заруранд.

"Мо чунин мешуморем, ки ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст", - гуфт Миронов.

Вай қайд кард, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди “анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо” ҷилавгирӣ мекунад.
Вакил таъкид кард, ки дар чунин ҷойҳо аҳолии маҳаллӣ кам шуда, муҳоҷирон аз рӯи нақшаҳои фасодкорӣ сабти ном мешаванд ва иҷозаи иқомат мегиранд.
Молодой человек за компьютером  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Муҳоҷирон дар Русия рӯй ба IT меоранд
Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия тағйирот ворид кунанд.
"Барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар шахс каме тарсида бошад, латукӯб нашуда бошаду умуман ягон осеб надида бошад ҳам, панҷ соли зиндон таъйин мешавад", - таъкид кард Миронов.
Ӯ таъкид кард, ки ба таҷрибаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Ҳизб қабул кардани "тадбирҳои таъҷилии қатъй"-ро талаб мекунад.
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Даъвати муфтӣ аз корфармоён барои ташкили намозгоҳ барои муҳоҷирон
Қаблан парлумон ба вуруди соддаи муҳоҷирони корӣ ба кишвар мухолифат карда буд.
Ба гуфти Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва ҳамгироии Авруосиё, бояд мушаххас шавад, ки барои иҷрои ин тадбирҳо чӣ иқдоме сурат мегирад, “онҳо аз ҷониби кӣ муайян карда мешаванд ва барои чӣ имкони даъвати муҳоҷирон бидуни квотаҳо имконпазир аст".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала