Қарори Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Президент дар Душанбе

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИнаугурация президента Таджикистана
Инаугурация президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Дар Душанбе Рӯзи Президент бо барномаи рангоранг таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барномаи мақомот дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи президентро тасдиқ кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин рӯз баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин барои сокинону меҳмонони пойтахт мусобиқаҳои варзишӣ низ дар назар дошта шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2020
Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш - аксҳои нодир дар Рӯзи президент
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, муовинони раиси шаҳр ва раҳбарияти ноҳияҳо ба иҷрои барномаи мазкур вазифадор гардидаанд.
Бояд гуфт, Рӯзи президент 5 сол боз дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Чунин қарор 15 апрели соли 2016 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумат қабул шуд.
Ҳамин тавр пас аз ислоҳи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон, бидуни истироҳат Рӯзи Президент таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала