Сафири Тоҷикистон дар Русия аз номи Раҳмон мукофот гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевГулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана
Гулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Сафири нави Тоҷикистон дар Русия аз номи кишвардор мукофот гирифт
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Ҷоизаи давлатии “30-солагии истиқлол”-ро гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ӯ тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шудааст. Ҷоизаро ба сафир Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи кишвар супурд.
Пас аз ин маросим вазири корҳои хориҷӣ барои ширкат дар сессияи 41-уми Ҳамоиши кулли ЮНЕСКО ба Порис сафар кард.
Сироҷиддин Муҳриддин кормандони сафоратро бо Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон табрик гуфт.
Новый посол Таджикистан в РФ вручил верительные грамоты замглавы МИД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Гулмаҳмадзода ба Руденко эътимоднома супурду сафари Путин ба Тоҷикистонро баррасӣ кард
Ёдовар мешавем, ки Раҳмон дар авоили моҳи август Давлатшо Гулмаҳмадзодаро сафири ҷумҳурӣ дар Русия таъйин карда буд. Ӯ дар ин вазифа Имомуддин Сатторовро иваз кард.
Гулмаҳмадзода қаблан ба ҳайси муовини нахуствазири Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Суғд ва дар дигар вазифаҳо кор кардааст.
Бояд гуфт, 9 ноябр маросими ифтитоҳияи иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО баргузор шуд. Одре Азуле дигарбора ба вазифаи директори генералии ин ташкилот интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала