Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард

© Sputnik / Анна Раткогло / Гузаштан ба хазинаи аксУхань после смягчения ограничений, введённых в связи с коронавирусом
Ухань после смягчения ограничений, введённых в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Мудири Аврупоии СҶБ Ҳанс Клуге гуфтааст, ин созмон замоне аз анҷоми пандемия хабар медиҳад, ки сарбории дармонгоҳҳо ба маротиб коҳиш ёбад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Замоне ки сарбории системаи тандурустӣ дар робита ба бемории коронавирус сабук шавад, СҶБ эҳтимол поёни пандемияро эълон кунад. Дар ин бора мудири дафтари аврупоии СҶБ Ҳанг Клюге ба рӯзномаи "La Vanguardia" хабар додааст

"Мо бояд бо ковид зиндагӣ карданро ёд гирем. Ҳамин ки системаи тандурустӣ аз беморону ҳолатҳои фавт аз коронавирус сабук шуд, пандемия ба эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар минтақа) табдил меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи "баҳодиҳии одилонаи муътамад", то моҳи феврали соли оянда, агар тамоюли паҳншавии сироят тағйир наёбад, дар минтақаи Аврупо бар асари ин беморӣ боз ним миллион нафари дигар мефавтад.
Номбурда далели бидуни ҳал мондани ин мушкилиро ба ҷараёни сусти моякӯбӣ рабт дод.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки агар қаблан мушкили асосӣ мавҷуд набудани ваксин буд, ҳоло ин мушкилӣ ҳал шуд, аммо мардум намехоҳанд аз он истифода баранд, "зеро ба ҳар гуна маълумоти бардурӯғ бовар мекунанд.
Педиатр, телеведущий Евгений Комаровский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Комаровский: Зиндагӣ кардан хоҳед, ваксина гиред
Пандемияи коронавирус ҳамоно дар ҷаҳон доман задааст ва дар аксари кишварҳо вазъият ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Дар Тоҷикистон пас аз чанд ҳафтаи бидуни ковидӣ, шабонарӯзи гузашта ду ҳолати нав сабт гардид. Вазорат бо нашри омори нав изҳор дошт, ки дар 24 соати ахир ду бемори коронавирус шифо ёфт. Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне ҳастанд, ки рӯзи 15 октябр вазорат аз мариз шудани онҳо хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала