SMS аз "Барқи тоҷик": Агар сарфа накунед, нерӯи барқ бе огоҳӣ қатъ мешавад

© Sputnik Амир ИсаевЗдание "Барки Точик". Архивное фото
Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Ширкати "Барқи тоҷик" бо ирсоли паёмак аз мизоҷонаш хостааст, дар зимни истифода аз нерӯи барқ аз сарфа кор бигиранд, дар акси ҳол интиқоли барқро қатъ мекунад
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Бархе сокинони шаҳри Хуҷанд аз Ҷамъияти “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз тариқи SMS паём гирифтаанд, ки барқро аз меъёр зиёд истифода мекунанд.
Дар ин паёмак, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон аст, ба мизоҷон ҳушдор дода шудааст, ки агар сарфакорӣ накунанд, идораи барқи шаҳри Хуҷанд интиқоли барқ ба манзилашонро бидуни огоҳӣ қатъ хоҳад кард. Тавзеҳ дода нашудааст, ки меъёри истифодаи барқ чӣ қадар аст.
“Муштарии муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки оиди сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ташаббускор бошед, зеро хонаи истиқоматии Шумо аз меъёри муқарраргардида барзиёд қувваи барқ истифода бурда истодааст. Ҳангоми риоя накардани масраф, қувваи барқ бе огоҳӣ аз тарафи ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд қатъ мегардад”, - омадааст дар матни паёмак.
Бархе аз сокинони Хуҷанд гирифтани ин паёмакро субҳи 10-уми ноябр тасдиқ кардаанд. Феълан дақиқ нест, ки ин паём ба сокинони шаҳру навоҳии дигар низ фиристода шудааст ё на.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Қирғизистон пас аз чаҳор сол аз буҳрони энергетикӣ мебарояд: президент ваъда дод
Ҳушдори ахир дар ҳолест, ки сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, ҳафтаҳои охир барқро бо маҳдудият мегиранд. Сокинони шаҳру навоҳии Суғд низ таъйид карданд, ки ҳам рӯзона ва ҳам шабона барқи онҳо қатъ мешавад.
Мазбутҷон Шодиев, як сокини деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо сард шудани ҳарорати ҳаво барқрасонӣ ба деҳаи онҳо маҳдуд шудааст.

“Ду се рӯзи охир шабона, аз соати 22:00 то 4:00 барқ қатъ мешавад. Рӯзона, аз соати 8:00 то 17, гоҳе то 18:00 аз рӯшноӣ бебаҳраем”, - иброз дошт Шодиев.

Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз охирҳои моҳи сентябр аз оғози қатъи интиқоли барқ шикоят мекунанд.
Масъулони идораи "Барқи тоҷик" ин вазъро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқӣ рабт медиҳанд ва расман ҷорӣ шудани "лимит"-и барқ дар кишварро то ҳол тасдиқ накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала