Паёми табрикии Раҳмон ба Азуле: ба ӯ гулдаста ва сӯзанӣ тақдим карданд - акс

© ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле
Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон паёми табрикии президентро ба мудири кулли ЮНЕСКО расонд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Порис иҷлосияи 41-уми Конфронси кулли ЮНЕСКО дар бораи масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баргузор шуд. Дар ин маросим Одре Азуле дигарбора ба вазифаи мудири кулли ташкилот интихоб гардид.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. Ӯ дар ҳошияи ин чорабинӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО Одре Азуле дидору мулоқот кард, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.
Дар ин дидор вазир ба сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баҳои баланд дода, паёми табрикии кишвардорро ба ӯ расонд.

"Мавсуфро аз номи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби мудири кулли ин созмон ба муҳлати дуюм бо изҳори дастёбӣ ба комёбиҳои нави касбӣ табрику таҳният гуфт", - омадааст дар хабар.

Аз аксҳое, ки ВУХ Тоҷикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки ба хонум Азуле як гулдастаи бузург иборат аз гулҳои садбарги гӯлобӣ, гарданбанди сафеди бо гулҳои чакан дӯхташуда ва нигорае тақдим карданд.
© ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле
Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле
Манбаъ афзуда, ки ҷониби Тоҷикистон ба мудири кул барои мусоидат дар баргузорӣ ва иштироки бевосита дар якҷоягӣ бо Президенти Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри 2021) арзи сипос намуд.
© ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле
Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле
Муҳриддин баҳри расидан ба дастовардҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистон дар кулли самтҳои мавриди таваҷҷуҳи созмон изҳори умедворӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0