Тоҷикистон омодагияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошту аз хатарҳо ҳушдор дод

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонНасрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон омодагии кишварро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Насурулло Маҳмудзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун ҳамсояи Афғонистон омодааст, дар тамоми барномаҳое, ки метавонанд ба мардуми ин кишвар кумак кунанд, иштирок намояд.
Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ин нуктаро дар Муколамаи минтақавӣ дар мавзӯи Афғонистон, ки дар шаҳри Деҳлӣ ҷараён дорад, иброз кард.
Ба гузориши расонаҳои ҳиндӣ, Маҳмудзода аз марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон зикр намуда, ҳушдор додааст, ки вазъи феълӣ таҳдидҳои иловагӣ барои қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро эҷод мекунад. Ӯ афзуд, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти амниятиҳои аршади ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар Ҳиндустон 10-уми ноябр дар пасманзари ташдиди вазъи Афғонистон баргузор мешавад.
Муколама дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ, котибони шӯроҳои амниятӣ таҳти раёсати мушовири амнияти миллии Ҳиндустон Аҷит Довал ҷараён дорад.
Крыло самолета Национальной авиакомпании Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Халабонҳои фирории афғонистонӣ тарки Тоҷикистон карданд: ИМА онҳоро куҷо бурд?
Дар ин нишаст намояндагони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Қаблан Чину Покистон низ даъват шуда буданд, аммо ин ду кишвар аз ширкат дар он худдорӣ кардаанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон шиддат гирифта, бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла раисҷумҳури собиқ, Ашраф Ғанӣ ва мақомдорони дигар ба хориҷ фирор карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала