Тоҷикистонӣ барои латукӯби пулис дар Тюмен ҳукми зиндон гирифт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон бо вуҷуди узрпурсии ӯ аз кормандони милиса эълон шуд ва ӯро 4 сол равонаи зиндон намуданд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Тюмен ҳукми шаҳрванди 31 -солаи Тоҷикистонро эълон кард, хабар медиҳад котиботи додгоҳи ин ноҳия.
Шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли равон аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда буд. Ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин Ёрии таъҷилӣ дар як манзил дар ҳоле дарёфтанд, ки сархуш ва оғуштаи хун буд.
Новобаста аз захмӣ будани худ ӯ ба кормандони Ёрии таъҷилӣ имкони муоина карданашро надод. Барои ором кардани ӯ яке аз кормандони пулис кӯшиш кард, аммо тоҷикистонӣ бо электрошокер ба сари ӯ зарба задааст.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Дар вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик ба таҷовуз ва қатли як нафақахӯр муттаҳам мешаванд
Маҳз ба хотири истифода аз зӯроварӣ дар нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ, номбурда муддати 4 сол равонаи зиндон шуд.
Зикр мегардад, ки дар мурофиаи судӣ шаҳрванди Тоҷикистон қисман гуноҳашро ба эътироф намуда ва аз кормандони пулис узрпурсӣ намудааст. Аммо бо вуҷуди ин додгоҳ ӯро ба 4 соли ҳабс маҳкум кард.
Гуфта мешавад, ин ҳукм ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва шаҳрванди Тоҷикистон метавонад аз болои он шикоят барад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала