Тоҷикон дар як саф бо низомиёни кишварҳои СААД: Оғози тамринҳо "Бародарии пойдор" – видео

Дар Русия яке аз охирин тамринҳои низомии нерӯҳои СААД дар соли 2021 идома дорад
Дар Тотористони Русия тамринҳои низомии кишварҳои узви СААД - “Бародарии пойдор” идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомӣ.
Қобили зикр аст, ки машқҳои “Бародарии пойдор” бо ширкати нерӯҳои СААД дар наздикии Қазон аз 8 то 12 ноябр баргузор мешаванд.
Дар ин тамринҳои низомӣ афсарони Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат доранд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марз бо Афғонистон "меҷанганд"
Вазифаҳои асосии низомиён аз кор дар урдӯгоҳи гурезаҳо, ҳамроҳии корвонҳои кумакҳои башардӯстона ва муқобила бо дастаҳои ҷангҷӯ иборатанд.
Генерал Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ зимни ифтитоҳи ин машқҳо изҳори умедворӣ кард, ки дар ин тамринҳо тамоми ҳадафҳои мавриди назар амалӣ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала