Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Толибон изҳор доштанд, ки феълан дар замини Афғонистон қувваҳои муқовимат намондааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро пурра таҳти назорат доранд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи ин ҷунбиш Аҳмадуллоҳ Восик.
Ба гуфти ӯ, дар қаламрави кишвар нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд.
"Нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд. Тамоми Афғонистон таҳти назорати мост", - гуфт Восиқ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешавад, ки дар вилояти Лағмон нерӯҳои муқовимат ташкил шудаанд, ки ба толибон муқовимат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии Ҷабҳа гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муқовимат на танҳо дар Панҷшер, балки дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бадахшон, Балх ва Бағлон низ мустақаранд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷабҳаи муқовимат мошини зиреҳпӯши "Толибон"*-ро дар Панҷшер нобуд кард - видео
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн бо хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала