“Даврзании қонун": нерӯҳои дарёии ИМА роҳи ҷои по пайдо кардан дар баҳри Сиёҳро ёфтанд

© @USNavyEurope/TwitterАмериканские военные корабли
Американские военные корабли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Чунин ба назар мерасад, ки амрикоиҳо дар баҳри Сиёҳ ба муддати тӯлонӣ қарор мегиранд.
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik, Андрей Котс. Дар ҳоле ки флоти шашум бо ҳамроҳи ҳампаймонони НАТО барои рӯёрӯӣ бо "таҷовузи Русия" омодагӣ мегирад, Вашингтон ба баррасии муҷаддади Конвенсияи Монтре даъват мекунад, то иқтидори ҳарбияш дар минтақа ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Аҳдофи размоиш

Машқҳои баҳриро Флоти шашум, киштии назоратии дараҷаи “Blue Ridge Mount Whitney”, ки аз соли 2014 бори сеюм ба баҳри Сиёҳ ворид шуд, раҳбарӣ мекунад. Ин дар ҳақиқат ситоди шинокунандаест, ки бо таҷҳизоти замонавии электронӣ, алоқа ва истихборотӣ муҷаҳҳаз аст.
Фармондеҳ маълумоти тактикиро, ки барои идораи самарабахши тамоми отряд зарур аст, зуд дарёфт мекунад. Ҳайати размоишро новшикани мушакии “Портер” аз навъи “Арли Берк” ва танкери “Ҷон Лентал” ҳамроҳӣ мекарданд. Ин гурӯҳро киштиҳои ҳампаймонони минтақаӣ кумак ва аз ҳаво онро авиатсияи амрикоӣ, ки дар пойгоҳҳои Аврупо ҷойгир аст, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бомбандози стратегии В-1В тақвият мекунанд.
Истребитель Су-30 на стратегических командно-штабных учениях Кавказ-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Ҳинду Ҷопон ҳавопаймоҳои сохти Русия ва ИМА-ро дар размоиш бо ҳам месанҷанд
Вазорати дифои Русия машқҳои ғайримуқаррарии ИМА дар наздикии марзҳоро нооромкунанда медонад. "Яке аз ҳадафҳои он рушди низомии қаламрави Украина аст", - гуфт вазорат.
“Дар баробари нерӯҳои баҳрии Амрико ба ин тамринот ҳавопаймоҳои тактикӣ, посбонӣ ва стратегӣ, инчунин контингентҳои нерӯҳои мусаллаҳи Булғористон, Гурҷистон, Руминия, Туркия ва Украина ҷалб мешаванд ва ҳадаф аз он ҳалли қазияи Киев аз роҳи низомӣ дар ҳоли омода шудани Украина аст”, - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати дифоъ.
Ба баҳри Сиёҳ омадани киштиҳои Амрико бо маҷмӯе аз “рагборҳои расонаӣ” ҳамроҳ буд. Дар охири моҳи октябр нашрияи бонуфузи “Politico” як "сенсатсия" нашр кард: Кремл дар сарҳад бо Украина нерӯ ҷамъ карда, ба таври возеҳ таҳоҷуми тамомайёреро тарроҳӣ мекунад.
Ба ин далел онҳо аксҳои моҳвораии техникаи низомиро дар минтақаи Елня нашр карданд. Ба ростӣ, онҳо хабар доданро фаромӯш кардаанд, ки аз ин шаҳри вилояти Смоленск то Украина зиёда аз 250 километр роҳи мустақим аст. Матбуоти дигари Ғарб фавран маводи муғризонаеро мунташир кард.
Аввали моҳи ноябр раиси ХМҶ Вилям Бернс барои музокирот ба Маскав омад. Ба гуфтаи CNN, ҳадаф аз ин сафар "огоҳ кардани Кремл аз он аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҷамъи нерӯҳои Русияро дар марз бо Украина бодиққат назорат мекунад." Аз афташ, сардори иктишоф ҳам мисли журналистони "Политико" дониши хуби ҷуғрофӣ надорад.
Авианосная ударная группа ВМС США во главе с атомным авианосцем Theodore Roosevelt в Тихом океане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
"Нуқтаи заъфро ёфтанд": Пентагон осебпазирии флоти худро эътироф кард
Чунин ба назар мерасад, ки ҳамин беморӣ Пентагонро низ фаро гирифтааст. Ҷон Кирби гуфт: "Мо пайгирии ҳаракатҳои нигаронкунандаи артиши Русия дар ғарби федератсия ва атрофи Украинаро идома медиҳем. Мо аз Русия даъват мекунем, ки ҳадафҳо ва фаъолиятҳои худ дар он ҷоро рӯшан кунад".
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷа ин ҳамаро як маъракаи қалбакӣ номид. Бо вуҷуди ин дар Ғарб риторикаи зидди Русия кайҳо оғоз шудааст ва касе нест, ки пеши роҳи онро гирад. Ахиран конгрессменҳои ҷумҳурихоҳи Амрико Майк Роҷерс ва Майк Тернер аз зарурати таъмини Украина бо аслиҳаи марговар ва фиристодани киштиҳои ҷангӣ ба баҳри Сиёҳ барои "ҷилавгирӣ ва дафъи таҷовуз" гуфтанд.

Иқдом ба таҷаммуъ

Мувофиқи Конвенсияи Монтре аз соли 1936 иқтидори киштиҳои ҳарбии давлати ғайрибаҳрисиёҳӣ дар ин баҳр дар замони осоишта набояд бештар аз 30 ҳазор тонна бошад. Гурӯҳи ҳозираи флоти шашум ба ин қариб мувофиқ нест. Маҳз аз сабаби маҳдудиятҳои қонунӣ америкоиён то ҳол аз тариқи Босфор нерӯҳои аслии зарбазанашонро мунтақил накардаанд.
Вашингтон аз ин, бешубҳа, қаноатманд нест. Онҳо дарк мекунанд, ки се киштии муосиртарин ҳатто аз эҳтимол дур нест, ки флоти баҳри Сиёҳи Русияро мағлуб кунад. Ба гумон аст, ки амрикоиён барои бевосита вайрон кардани Конвенсияи Монтре ҷуръат кунанд, ақаллан дар замони осоишта. Бо вуҷуди ин вариантҳои дигар низ вуҷуд доранд.
Подготовка экипажей АПЛ на учебно-тренировочном комплексе в Мурманской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
"Даҳ киштӣ кифоя аст": Флоти Шимолӣ маҷмааи нави зарбаҳоро аз худ мекунад
Масалан, рӯзномаи бонуфузи Вашингтони "The Hill", ки конгрессменҳо онро бодиққат мутолиа мекунанд, мақолаи фармондеҳи флоти баҳрӣ Брайан Ҳаррингтон - "Амрико ва НАТО бояд бо ҳукмронии Русия дар баҳри Сиёҳ муқовимат кунанд"-ро нашр кард.
Муаллиф иқрор мешавад, ки системаҳои мушакии “Бастион” ва “Калибр”, ки дар Қрим ва киштиҳои флоти баҳри Сиёҳ ҷойгир шудаанд, инчунин як гурӯҳи ҷиддии авиатсионӣ ба Маскав имкон медиҳанд, ки як қаламрави васеъро бо сарпӯши ба истилоҳ зидди дастрасӣ фаро гирад. Пентагон манотиқеро дар назар дорад, ки дар онҳо дар сурати cap задани задухӯрди мусаллаҳона қӯшунҳои Америко ҷиддан талаф мешаванд.

Чизе барои посух додан ҳаст

Беэътиноӣ нисбат ба шартномаҳои байналхалқӣ бенатиҷа нест. Русия инро омодагии мустақим ба ҷанги минтақаӣ арзёбӣ хоҳад кард.
Ва ин хеле зуд метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ бо бозии минбаъдаи мушакҳои ҳастаӣ табдил ёбад. Вашингтон ва Брюссел ҳанӯз ҳам гумон аст, ки ҷуръати ташдиди вазъро дошта бошанд. Бо вуҷуди ин талошҳо барои тафтиши марзҳои Русия дар баҳри Сиёҳ бештар мешаванд.
Учения ВМС США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2021
Минтақаҳо ошкор шуданд: флоти ҳарбии ИМА силоҳашро ба куҷо равона мекунад
Воқеан дар посух ба манёврҳои баҳрии кишварҳои ғарбӣ Русия ҳар дафъа ҳузури худро нишон медиҳад. Инак, рӯзи дигар "Адмирал Эссен" машқ гузаронд, то ки базаи киштиҳои флоти баҳри Сиёҳ аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва ракетӣ ҳимоят шавад.
Ғайр аз ин қӯшунҳои зидди киштиҳои зериобӣ — киштиҳои "Еиск" ва "Қосимов" ба баҳри Сиёҳ дохил шуданд. Кори ҷангии киштиҳои зериобии баҳри Сиёҳ махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Аммо шубҳае нест, экипажҳои шаш киштии зериобии дизелии электрикии "Варшавянка", ки ба Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ мутааллиқанд, ҳамаи онҳоеро, ки шабу рӯз аз яроқу аслиҳа истифода карданӣ мешаванд, мушоҳида мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала