Дар Хуҷанд мардеро барои напардохтани қарзаш задаву дар кафтархона маҳкам кардаанд

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Дар Хуҷанд мардеро барои напардохтари қарзаш нахуст задаву пасон дар кафтархона маҳкам кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард хабар медиҳад, ки бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо марди 56 ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд будаанд.
Боздоштшудаҳо, 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15:00, аз сабаби он, ки ба марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур дар се ҳолат маблағи 20 ҳазор сомониро бо фоиз то 1-уми ноябри соли 2021 дода будаанд, аммо ҷабрдида маблағи гирифтаашро баргардонида натавонистааст.
"Ӯро бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиашон даъват намуда, сипас, бо чӯбдаст ба аъзои баданаш зада бо истифодаи зӯроварӣ ба кафтархонаи манзили истиқоматиашон ворид намуда, ғайриқонунӣ муддати як соат нигоҳ дошта, ӯро аз озодӣ маҳрум сохтаанд", - афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин барди қонуни ҷиноии кишва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ солро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала