Корхонаву дармонгоҳҳои Кӯлобро барои 150 миллион сомонӣ қарз ба додгоҳ кашиданд

© Sputnik / Амир ИсаевВорота в Куляб
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Миёни қарздорҳо ҳамчунин чаҳор беморхона низ зикр шудааст, ки дар 10 моҳи ахир пули истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар Кӯлоб дастикам 10 корхонаву ташкилотро ба додгоҳ кашиданд, хабар медиҳад сойти "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ин теъдод корхонаҳоро, ки ҳаққи истифодаи барқро напардохтаанд, ба додгоҳи иқтисодӣ кашидааст.
Манбаъ аз қавли Ҳамидулло Ғафуров, роҳбари тиҷории Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб менависад, ки қарзи 10 корхонаву ташкилоти ин шаҳр ба 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Гуфта мешавад, аз ин қарз 41 миллиону 341 ҳазораш аз корхонаҳои саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ, 2 миллиону 795 ҳазораш қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, 8 миллиону 899 ҳазораш аз пойгоҳҳои обкашӣ ва беш аз 97 миллиону 402 ҳазори дигараш аз аҳолӣ мебошад.
Миёни қарздорон, номи беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, дармонгоҳи "Зарқалъа", беморхонаҳои марказии ноҳияи Кӯлоб ва Муъминобод низ номбар шуданд, ки давоми 10 моҳи ахир қарзи истифодаи барқро пардохт накардаанд.
Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
SMS аз "Барқи тоҷик": Агар сарфа накунед, нерӯи барқ бе огоҳӣ қатъ мешавад
Ҳарчан додгоҳ даъворо ба манфиати Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ҳал кардааст, аммо ин идораҳо то ҳол маблағи қарзашонро насупоридаанд.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш аз ҷониби Музаффарҷон Маҳмудзода, вакили парлумони Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки тарифи миёнаи нерӯи барқ ба андозаи 7-10 дирам боло бардошта шавад.
Ин пешниҳод дар ҳоле садо дода буд, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, нархи нерӯи барқро ҳадди ақал ҳудуди 8 дарсад дар як сол боло барад, то вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.
Феълан нархи 1 киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам мебошад, ки аз тирамоҳи соли 2019 муқаррар шудааст. Дар соли 2020 бинобар вазъи пандемия қимати барқ афзоиш наёфт. Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар афзоиш ёфта, аз 9 дирами моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам дар моҳи сентябри соли 2019 расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала