Коронавирус боз Қаҳрамонии ҷаҳонро ба таъхир гузошт

© Национальный олимпийский комитет РТЖенский бой чемпионата Азии по боксу
Женский бой чемпионата Азии по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни бонувон, ки мебоист моҳи декабри соли ҷорӣ дар Истанбул баргузор шавад, боз ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Моҳи декабри соли ҷорӣ Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни бонувон баргузор намешавад, ҳарчанд қаблан замони баргузории ин мусобиқа мувофиқа шуда буд.
Анҷумани байналмилалии бокси ҳаваскорӣ иллати ба таъхир мондани қаҳрамониро бемории коронавирус арзёбӣ кард.
Манбаъ меафзояд, мусобиқаи мазкур на моҳи декабри соли ҷорӣ, балки моҳи марти соли 2022 дар Туркия баргузор мешавад.

"Шумораи зиёди федератсияҳои миллӣ дар дохили кишварҳояшон бо вазъияти душвору маҳдудиятҳо рӯ ба рӯянд. Ба ин далел Шӯрои мудирони AIBA дар мувофиқа бо Федератсияи бокси Туркия тасмим гирифт, ки Қаҳрамонии ҷаҳон миёни бонувонро ба моҳи марти соли 2022 мавқуф гузорад", - омадааст дар хабари AIBA.

Дар ҳамин ҳол президенти AIBA Умар Кремлев изҳор доштааст, ки лағв шудани қаҳрамонӣ аксари варзишгаронро ноумед мекунад, "зеро онҳо омодагии ҷиддӣ дидаанд".
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Аз Фаридун то Шоҳида: 14 варзишгар аз Тоҷикистон ба Қаҳрамонии самбои ҷаҳонӣ меравад
Ба гуфтаи ӯ, бехатарӣ ва солимии варзишгарон аввалиндараҷа аст ва онҳо хатари идомаи ин қаҳрамониро ба дӯш намегиранд.
Лентаи хабарҳо
0