Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Оё алайҳи COVID-19 ваксина гирифтани кӯдакон мумкин аст? Посухи пизишк

© Sputnik / Алексей КуденкоДети в защитных масках
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Табиби маъруф ва муҷрии телевизиони Русия, доктори илмҳои тиб Елена Малишева дар бораи ваксинзании кӯдакон алайҳи коронавирус иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Кӯдакони то 18-сола аз лиҳози омор омили паҳншавии ҳамагирии коронавирус нестанд, гуфт Малишев дар яке аз барномаҳои шабакаи "Россия 1".

“Дар ҳоли ҳозир омори синнусолии фавт аз коронавирус дар ҷаҳон чунин аст: 95 дарсади фавтидагон одамони синну соли 60-65+, 5 дарсад аз 18 то 50-сола ва камтар аз 0 дарсадро кӯдакон ташкил медиҳанд", - гуфт ӯ.

Ба қавли пизишк, ин омор нишон медиҳад, ки фавти кӯдакон аз COVID дар ибтидои пандемия тақрибан 0,3 дарсад буд, ҳоло он то 0,1 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои "Спутник V" калонсолон мувофиқ аст ва тамоми далелҳоро барои ваксинзанӣ дорад.
"Аммо дар бораи ваксина барои кӯдакон бояд аввал маълумоти пурра гирифт. Вақте суол ба миён меояд, ки кӯдаконро ваксина кунем ё не, далели возеҳи илмие бояд бошад, ки дар маҷаллаҳои баррасишаванда нашр шуда, самаранок ва бехатар будани ваксинаҳоро тасдиқ кунад.
Медицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Мир" дунёро аз коронавирус пок хоҳад кард: олимон доруи нав сохтанд
Тадқиқоти ваксинзании кӯдакон бо "Спутник V" гузаронида шудааст, аммо маълумот то ҳол нашр нашудааст.
Масъалаи дигаре ҳам вуҷуд дорад: кӯдакони синну соли муайян (масалан, 16-18-сола) навҷавонанд ва ба онҳо вояе, ки барои калонсолон гузаронида мешавад, дода мешавад.
"Ва ин ки барои кӯдакони то 12-солаю аз он боло ҳам ҳамин гуна таъин мешавад, то ҳол маълум нест. Аз ин рӯ бояд тамоми маълумотро дақиқ ва пас аз он қарор қабул намуд", - гуфт Малишева.
Ухань после смягчения ограничений, введённых в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард
Ба гуфти пизишк, "Pfizer" аллакай маълумотро дар бораи истифодаи ваксинаи коронавирус барои кӯдакон нашр кардааст ва дар Амрико кӯдакони аз 12-сола боло аллакай эмин шудаанд.
"Ҳоло таҳқиқи доруи "Pfizer" барои вксинзании кӯдакони аз 5-сола боло идома дорад. Аммо тибқи қоида, аввал бехатарӣ ва самаранокӣ собит мешавад ва баъдан масъалаи ваксиназнӣ баррасӣ мегардад", - шарҳ дод пизишк.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала