Муаллифи "Таърихи халқи тоҷик" даргузашт

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Абдуллоҷон Мирбобоев, ки яке аз муаллифони китоби "Таърихи халқи тоҷик" мебошад, дар синни 82 -солагӣ ҷаҳони фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои таъриф, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев аз олам даргузашт, хабар медиҳад "Pressa. tj".
Марҳум 82 сол дошт ва иллати марги ӯ ифшо нашудааст.
Профессор Мирбобоев соли 1939 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ яке аз олимони маъруфи тоҷик буд, ки дар таҳқиқи мадрасаҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
Марҳум соли 1969 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин хатм намуда, сипас дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда ва беш аз сӣ сол дар ин заҳмат кашид.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
"Сукути охирин": даргузашти рӯзноманигори маъруфи тоҷик
Соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси профессор ба кор шурӯъ карда, аз соли 2002 мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ- ро бар ӯҳда дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Мирбобоев ҳанӯз солҳои 1971-1974 дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёти шимоли давлати ҳамсоя ширкат варзид.
Ӯ яке аз муаллифони аслии "Таърихи халқи тоҷик" маҳсуб ёфта, дар маҷмӯъ соҳиби наздик ба 800 осори илмӣ ва оммавӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала