Омодагии Донишгоҳи Урал ба пазириши ройгони донишҷӯёни тоҷик

© Минтруд, миграции и занятости населения РТҚурбонзода Файзидин,сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат ва Абдуллоев Ҷумахон, намояндаи Ассотсиатсияи хатмкардагони Донишкадаи Политехникии Урал, Донишгоҳи давлатии Урал
Қурбонзода Файзидин,сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат ва Абдуллоев Ҷумахон, намояндаи Ассотсиатсияи хатмкардагони Донишкадаи Политехникии Урал, Донишгоҳи давлатии Урал  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Фориғ-ут-таҳсилини литсейҳои касбии Тоҷикистон ба таври ройгон дар донишгоҳҳои Урал пазируфта мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ин мавзуъ зимни мулоқоти Қурбонзода Файзидин, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Абдуллоев Ҷумахон, намояндаи Ассотсиатсияи хатмкардагони Донишкадаи политехникии Урал, Донишгоҳи давлатии Урал ва Донишгоҳи федералии Урал дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ройгон қабул гардидани хатмкардагони литсейҳои касбии техникии Тоҷикистон ба Донишгоҳҳои Урал, омода намудани донишҷӯён дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои мутобиқ ба самти фаъолияти вазорат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Минтруд РТ и Уральский федеральный университет подписали меморандум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Имзои ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат ва Донишгоҳи федералии Урал
Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба Ёддошти тафоҳуми дӯстӣ ва ҳамкориҳои муштарак, ки моҳи октябри соли ҷорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи президенти якуми Русия Борис Елсин ба имзо расонида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳҳои Русия ҳазорҳо донишҷӯи тоҷик дар ба таври ройгон ва квотаҳои махсус таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала