Патрушев: Бояд бо муҳоҷирати беназорат аз Афғонистон мубориза барем

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, афзоиши шумори паноҳандагон аз Афғонистон таҳдид ба суботи минтақа аст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Афзоиши шумори паноҳандагон аз Афғонистон ба суботи минтақа таҳдид мекунад, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Ҳиндустон зимни баргузории Муколамаи минтақаӣ дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Деҳлӣ.

"Мо бо хатари ҷиддии вуруди унсурҳои террористӣ ва ифротгаро, инчунин тоҷирони маводи мухаддире, ки ба сурати гуреза ва афғонҳое, ки бо ғарбгароён ҳамкорӣ мекунанд, ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва минбаъд ба Русия мераванд, рӯ ба рӯ ҳастем", - афзуд Патрушев

Аз ҳамин сабаб ҳамаи иштироккунандагони Муколамаи минтақавӣ дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Деҳлӣ ба мутобиқ намудани ҷидду ҷаҳди якҷоя дар бораи ин кишвари гирифтори ошуфтагӣ шуданд.
"Котибони шӯроҳои амниятӣ пуштибонии қотеъ аз Афғонистони амнро баён карданд. Онҳо бар эҳтиром ба истиқлол ва тамомияти арзии ин давлат таъкид карданд. Мо дар мавриди ҳамоҳангии наздики давлатҳоямон дар Афғонистон ба мувофиқа расидем", - афзуд Патрушев.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон кард
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар ин нишаст бар аҳамияти расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон таъкид шудааст. Иштирокдорони ин нишасти амниятӣ таъкид карданд, ки СММ дар ҳалли вазъияти Афғонистон нақши марказӣ мебозад.
Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба хулосае омад, ки амният ва рифоҳи баъзе аз давлатҳо аз саривақтӣ ва муассир будани ҳамкориҳо вобаста хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Муколамаи минтақаӣ дар мавриди Афғонистон дар пойтахти Ҳинд дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0