Пешниҳоди Тоҷикистон ба Русия бораи мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ дар мактабҳо

© SputnikУчебники из России для школ Таджикистана
Учебники из России для школ Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки барои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали Вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳоди худро дар ҷараёни мизи мудавваре таҳти унвони “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, фарҳанг”, ки дирӯз, 10 ноябр тавассути видеоконфронс дар чаҳорчӯби Анҷумани ҳафтуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд, баён кардааст.
“Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои дастрасии китобхонаҳои электронии мактабҳои Русия, инчунин дастрас намудани намунаҳои электронии китобҳои дарсӣ ба забони русӣ барои мутобиқсозӣ ва нашри минбаъдаи онҳо дар ҷумҳурӣ баррасӣ шаванд”, — таъкид кард Саломиён.
Ҳамзамон мақомдори тоҷик пешниҳод кардааст, ки як гурӯҳи кории дуҷониба барои мутобиқсозӣ ва таҳияи силсилаи маҷмуаҳои таълимию методии забони русӣ барои низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муовини вазир иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мекунад, 173 мактаб синфҳои русӣ дорад, барои онҳо китобҳо нашр шудаанд, ки аз ҷониби русшиносони маъруф, муаллифони Донишгоҳи Санкт-Петербург омода шудаанд ва курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси муаллимони забон ва адабиёти рус гузаронда мешаванд.
Федоров Илья Вячеславович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Русия иқрор шуд, аз имконоти тиҷоратӣ бо Тоҷикистон пурра истифода нашудааст
Вазорати маорифи Тоҷикистон инчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ миёни донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон ва Русияро ба мақсад мувофиқ медонад, ки метавонанд барои роҳандозии сатҳи баландтари муносибатҳои кафедраҳои тахассусӣ замина фароҳам оваранд.
“Мо изҳори омодагии худро барои таҳияи барномаҳои дудипломӣ дар соҳаҳои педагогӣ изҳор менамоем”, — афзуд Муҳаммаддовуд Саломиён.
Дар ҳамин ҳол Саломиён таъкид кард, ки низоми маорифи Тоҷикистон дар ҳолати ислоҳот қарор дорад.
Вай мушкилоти асосии бахши маорифро дар саросари ИДМ, ки дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз қабили рушди технология, навоварӣ дар бархӯрдҳо ба раванди таълим ва равиши бисёрзинагӣ дар таълим ба вуҷуд омадаанд, зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала