Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест

© Пресс-служба президента РТМинистр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши
Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Вазири хориҷаи Покистон гуфтааст, ки ҳеҷ касе намехоҳад Афғонистон ба сӯйи як ҷанги дохилии дигар биравад
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шоҳмуҳаммад Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон ҳангоми суханронӣ дар нишасти "тройка" дар бораи Афғонистон изҳор доштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони ҷанги дохилӣ дар Афғонистон нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Омоҷ”.
“Ҳеҷ кас намехоҳад, ки суқути иқтисодии Афғонистон ба бесуботӣ мунҷар шавад. Ҳама мехоҳанд бо унсурҳои террористӣ дар дохили Афғонистон мубориза баранд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки буҳрони нави гурезаҳоро пешгирӣ кунем”, - гуфт Қурайшӣ.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Толибон артиши қавии 150-ҳазорнафарӣ эҷод мекунад
Қурайшӣ ҳамчунин афзуд, таомули “Тройка плюс” бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон ба таҳкими сулҳ ва субот, иртиқои тавсияи иқтисоди пойдор ва маҳдуд кардани фазо барои гурӯҳҳои террористӣ, ки аз дохили Афғонистон фаъолият мекунанд, кумак хоҳад кард.
Нишасти “Тройка плюс” бо ҳузури намояндагони Русия, Чин, Амрико ва Покистон бо мизбонии Исломобод барои баррасии авзоъи сиёсӣ ва иқтисоди Афғонистон баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала