Русия иқрор шуд, аз имконоти тиҷоратӣ бо Тоҷикистон пурра истифода нашудааст

© Пресс-служба департамента развития интеграционных проектов и стран СНГФедоров Илья Вячеславович
Федоров Илья Вячеславович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Мудири департаменти Вазорати рушди иқтисоди Русия қайд кардааст, ки иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба қадри кофӣ истифода нашудааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Иля Федоров, мудири Департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфт, иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон пурра амалӣ нагардидааст.
Оқои Федоров дар ин бора дар ҷараёни мизи мудавваре бахшида ба рушд ва такмили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар ҳошияи Форуми VII байнипарлумонии “Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” баргузор гардид, изҳори назар кард.
“Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, ки соли гузашта ҳиссаи мо дар гардиши мол 21,4, соли равон 19,8 фоизро ташкил дод”, — тавзеҳ додааст мақомдори рус.
Врачи в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Тоҷикистон аз Русия тавсеаи ҳамкориҳои тандурустиро хостор шуд
Иля Федоров ҳамчунин зикр кард, ки дар 8 моҳи соли 2021 гардиши мол байни ду кишвар тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Мақомдори рус ин тамоюлро мусбат арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки нишондиҳандаҳои оморӣ бояд “ба миллиард ва бештар аз он” наздик шаванд.

Намояндаи Вазорати рушди иқтисоди Русия изҳор дошт, ки сатҳи мутақобилаи иқтисодию тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба иқтидори мавҷуда мутобиқат намекунад.

Барои фаъол гардонидани ҳамкории ду кишвар, ба гуфтаи ӯ, тарҳҳои нави муштарак, роҳандозии равобити мутақобилаи ширкатҳо, бештар истифода кардани имконоти ниҳодҳои пуштибони содирот ва ҳалли якчанд масъалаҳои иқтисодӣ зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала