СММ сафи паноҳҷӯён дар ҷаҳонро 84 миллион нафар гуфт

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузаштан ба хазинаи аксЛагерь беженцев на белорусско-польской границе
Лагерь беженцев на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Коршиносон зӯроварӣ, ноамнӣ ва оқибатҳои тағйирёбии иқлимро сабабҳои асосии маҷбур кардани мардум ба тарки манзилҳоягон унвон карданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Теъдоди паноҳҷӯён дар сартосари ҷаҳон ба 84 миллион нафар расидааст, хабар медиҳад Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон.
Ин ниҳод зикр намудааст, ки шаш моҳ қабл теъдоди паноҳандагон ба 82,4 миллион баробар буд ва ҳамагӣ бо гузашти 6 моҳ сафи онҳо то 84 миллион нафар расидааст.
Коршиносон зӯроварӣ, ноамнӣ ва оқибатҳои тағирёбии иқлимро сабабҳои ҳиҷрати мардум унвон кардаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Гуфта мешавад, аз ҳама беш сафи паноҳандагонро шаҳрвандони Африқои Марказӣ ташкил медиҳанд. Ин кишварро 71,8 ҳазор нафар шаҳрвандаш тарк кардааст.
Ҳамчунин аз Судони Ҷанубӣ 61,7 ҳазор, Сурия 38,8 ҳазор, Афғонистон 25,2 ҳазор ва Нигерия 20,3 ҳазор нафар рафтааст.
Дар миёни кишварҳое, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ теъдоди гурезагони дохилӣ афзоиш ёфтааст, гузоришгарон номи Афғонистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Мозамбик, Мянмар ва Судони Ҷанубиро зикр намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала