Тоҷикистон аз Русия тавсеаи ҳамкориҳои тандурустиро хостор шуд

© AP Photo / Jean-Francois BadiasВрачи в больнице
Врачи в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон ба омода кардани мутахассисони тоҷик дар марказҳои илмию клиникии Русия таъкид кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Пизишкони тоҷик аз ҳамкасбони руси худ дархост карданд, ки барои густариши ҳамкориҳо дар рушди бахши тандурустии ду кишвар мусоидат кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Дар ин бора ахиран Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон зимни як мизи мудаввар дар бораи “Вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, фарҳанг" иттилоъ дод.
"Тоҷикистон аз Русия хоҳиш мекунад, ки дар рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши тандурустии кишвар мусоидат намояд", - гуфт ӯ зимни ин ҳамоиш, ки дар доираи омодагӣ ба ҳафтумин Анҷумани байнипарлумонии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ теъдоди ваксиншудаҳо дар Тоҷикистонро эълон кард
Ба гуфтаи Муҳсинзода, гап дар бораи омода кардани мутахассисони тоҷик дар марказҳои илмию клиникии Русия, давраҳои такмили ихтисос, ординатура, аспирантура, докторантура аз рӯи баъзе ихтисосҳо, инчунин таъмини техникӣ меравад.
Ҳамчунин дар бораи расонидани кумаки техникӣ дар ташкили таъсиси маркази вирусология ва микробиология дар Тоҷикистон низ ин мақоми тоҷик дархост кардааст.
Муҳсинзода ҳамчунин қайд кард, ки дар ин марҳила ҳамкориҳо миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Роспотребнадзор барои мусоидат дар пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои сироятӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала