Дар Тоҷикистон боз ду нафар гирифтори коронавирус шуд: омори нави Вазорат

Работа ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар 24 соати ахирро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз ду нафари дигар гирифтори коронавирус шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ду ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.
Рӯзи нуҳуми ноябр низ вазорат аз гирифтор шудани ду нафар ва ҳамзамон шифо ёфтани ду бемори дигар хабар дода буд.
Ухань после смягчения ограничений, введённых в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард
Ба ҳамин минвол аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 090 нафар гирифтори он гардиданд, ки аз ин миён 16 962 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID - 19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 расман таъйид шуд.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала