Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон

© REUTERS \ Jorge SilvaАфганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле
Афганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Афғонистон вазъи кунунии он кишвар ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умри Афғонистон Томас Николсон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои мусоидат ба ҳалли зудтари буҳрони Афғонистон таъкид кардаанд.
Аз ҷумла дар ин дидор роҳҳои бештари расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати кумак ба эҳёи иқтисоди ин кишвар баррасӣ шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон метавонад мусоидат кунад
Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба имконоти кишвар дар робита ба ҳамлу нақл Гулмаҳмадзода аз омодагии ҷумҳурӣ барои расондани кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон хабар дод.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки кишвар омодааст, имконоти логистикӣ барои ироаи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистонро фароҳам кунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани эътиборномаи сафирони теъдоде аз кишварҳо гуфт: "Буҳрони амиқи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист, боиси ташаннуҷ дар минтақаи мо шудааст".
Ӯ гуфт, Тоҷикистон омодааст, имконоти густурдаи логистикии худро барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба ҳамсояи наздикаш пешниҳод кунад.
Лентаи хабарҳо
0