Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо накардааст: музокирот идома дорад

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Музокирот миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарчанд ду бор баргузор шуд, вале ҷонибҳо ҳоло ба мувофиқа нарасиданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Шаҳрванди 24-солаи Қирғизистон, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда буд, ҳамоно дар Тоҷикистон қарор дорад ва масъалаи бозпас додани ӯ норӯшан аст, хабар медиҳад КДАМТ.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон дар убури ғайриқонунии марз гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ӯ 21 октябр дар деҳаи Пахтакор, ки падараш дар он ҷо зиндагӣ мекунад, боздошт шудааст.
Манбаъ меафзояд, намояндагони марзбонии ду кишвар аллакай ду бор дар мавриди раҳо кардани шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон гуфтугӯ карданд, вале ба мувофиқа нарасидаанд.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо кард
Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳукми абад маҳкум кард. Аскар Юнусов ва Абдурозиқ Қаҳҳоров, шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Онҳо бо моддаҳои 380 (ҷиноят ба зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и КҶҚ гунаҳкор дониста шуданд.
Хабари ҳукми абад гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳангомабарангез шуд. Аз ҷумла сиёсатшиноси тоҷик, Парвиз Муллоҷонов дар сафҳаи фейсбукии худ аз маҳкум шудани ду тоҷикистонӣ ба ҳукми абад шадидан изҳори нигаронӣ намуд.

"Ҳадафи ин амал дар он аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад, ки дар бархӯрди гузашта маҳз тоҷикон гунаҳкор ҳастанду бетартибиҳо ҳам аслан бо дасти тоҷикон амалӣ шудаанд", - навишта буд ӯ.

Дар идома ӯ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намуд, ки барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош кунанд. Ба бовари ӯ, агар ҳукумат баҳри раҳоии онҳо коре накунад, пас дар оянда дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ бо ҳамсоякишвар бисёриҳо барои ҳифзи марзу бум намехезанд.
Лентаи хабарҳо
0