Афтидани ҷирми рахшони номаълум дар Санкт-Петербург - видео

Дастгоҳҳои назоратӣ дар осмони Санкт-Петербург ва Карелия ҷирми номаълуми дурахшонеро сабт кардаанд
Ҷирми номаълуме осмони Санкт-Петербургро рӯшан кард, ки манбаи пайдоиши он ҳанӯз дақиқ нест.
Дар наворе, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, пайи рӯшани ҷирме намоён аст, ки сӯйи замин ҳаракат мекунад.
Ситорашиносон муътақиданд, ки ин метеорити начандон калон - болид буд. Аммо пораҳои боқимондаи онро ҳанӯз пайдо накардаанд, шояд он ба замин нарасида дар атмосфера сӯхт.
Ба гуфтаи корманди илмии расадхонаи Пулково, Евгений Соков ин ҷирм зоҳиран ба болид монанд буд.
"Вақте метеорҳо меафтанд, то ҳароратҳои баланд гарм мешаванд. Онҳо метавонанд дар дохили худ об ё дигар минералҳое дошта бошанд, ки дар ҳарорати баланд васеъ шуда, метеорро аз дохил метарконанд", - тавзеҳ дод мутахассис.
Ӯ афзуд, ки болидҳо метавонанд аз ҳар самт зери кунҷҳои гуногун вориди атмосфераи замин шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала