“Чӣ ҳақ дорад?” Боздошт ва лодаракии як афсари командуи Афғонистон дар Покистон

© Бойгонии Ҳаниф РизоӣМуҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, собиқ сухангӯи сипоҳи 209–и “Шоҳин” – и вазорати дифоъи пешини Афғонистон
Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, собиқ сухангӯи сипоҳи 209–и “Шоҳин” – и вазорати дифоъи пешини Афғонистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи собиқи сипоҳи 209-и “Шоҳин”-и Вазорати дифои пешини Афғонистон ҳудуди яку ним моҳ ба ин сӯ бедарак аст
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Ӯ яке аз онҳое буд, ки бо тамоми расонаҳо, аз ҷумла Sputnik Тоҷикистон ҳамеша дар пӯшиши хабарҳои шимоли Афғонистон ҳамкорӣ мекард. Генерал Саид Ёсин Содот, муовини собиқи фармондеҳи сипоҳи 209-и “Шоҳин” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳаниф Ризоӣ 27 сентябри соли равон боздошт шуда ва то кунун мафқуд аст.

“Ӯ тавассути афроде, ки мушаххас нашуда, марбут ба кадом мақомоти давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ ҳастанд, аз маҳалли иқоматаш дар маркази шаҳри Кветта боздошт шуд ва то кунун хабар ё асаре аз ӯ дар даст нест. Бино ба иттилое, ки мо дорем, ӯро истихбороти Покистон боздошт ва ба “Толибон” дар Кветта таслим кардааст”, - гуфт Саид Ёсин Содот.

Дар ҳамин ҳол як ҳамсуҳбати дигари Sputnik Тоҷикистон, ки ба далоили амниятӣ исмаш фош намешавад ва дар шаҳри Кветтаи Покистон аст, гуфт, ҳамон шабу рӯзҳо як гурӯҳи номушаххас ба шаҳрвандони фирории Афғонистон дар Кветтаи аёлати Балучистони Покистон ҳамла намуда, ҳудуди 300 корманду афсари пулис, Вазорати дифоъ ва хадамоти амнияти ҳукумати пешини Афғонистонро бо худ бурданд.
“Ин афрод вақте дар маҳалли сукунати фирориён ҳозир мешуданд, суроға ва маълумоти дақиқ аз нафар доштанд. Худро пулис муаррифӣ мекарданд, аммо либоси пулисро надоштанд. Онҳо нафаронро боздошт намуда, ба маконҳои номушаххас интиқол медоданд. Ҳоло суол ин аст, ки Покистон чӣ ҳақ дорад, афсарони Афғонистонро ба толибон таслим кунад? Оё ин хилофи қавонини байналмилалӣ нест?”, - гуфт ӯ.
Офицер афганской полиции дежурит на заставе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Низомиёни собиқи Афғонистон: даъвои пайвастан ба ДОИШ* як тавтеа барои куштани мост
Ҳаниф Ризоӣ 11 декабри соли 1982 дар деҳаи Мадри вилояти умдатан ҳазоранишини Бомиён таваллуд ёфта, хатмкардаи мактаби мутавассити шаҳри Бомиён ва Донишгоҳи политехникии Кобул аст.
Аз 27 сентябри соли 2017 сухангӯи сипоҳи 209-и “Шоҳин”-и Вазорати дифои пешини Афғонистон таъйин шуда, дар бозтоби фаъолиятҳои ин сипоҳ хеле чирадаст буд ва фаъолтарин сухангӯи урдӯ ба ҳисоб мерафт.
Аксари расонаҳои ҷаҳониву минтақаӣ, аз ҷумла Sputnik Тоҷикистон таҳаввулоти низомӣ дар шимоли Афғонистонро аз тариқи ахбори ӯ пайгирӣ мекарданд.
Сипоҳи 209-и "Шоҳин", нерӯҳои хоси Вазорати дифои Афғонистон бори ҷанг алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимол – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро мекашид.
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сарбози бесар": Артиши Афғонистон аз "арвоҳ" иборат буд
Илҳом Нарзиев, хабарнигори “Интерфакс” дар Тоҷикистон мегӯяд, охирин бор бо Ҳаниф Ризоӣ рӯзи 23 сентябр тариқи “Имо” тамос гирифт ва ӯ гуфт, ки афроди номаълум вайро аз тариқи телефон таҳдид мекунанд. “Дар “Имо” ҳам ба номи духтараш суҳбат мекард.
"Ӯ талош дошт, ки аз Покистон берун равад, аммо асноди расмӣ, аз ҷумла шиноснома надошт. Пас аз он ман дигар натавонистам бо ӯ тамос барқарор кунам”, - афзуд Илҳом Нарзиев.
Кветта маркази қудрати “Толибон” аст, ки Шӯрои Кветта бо раҳбарии Ҳибатуллоҳ Охундзода дар он қарор дошт. Ҳамзамон дар ин шаҳр дигар ҷараёнҳои ифротӣ, назири “Ал-Қоида” марокизи таблиғӣ ва сарбозгирӣ доранд.
* - Гурӯҳе, ки таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала