Хушқадам дар қаҳрамонии ҷаҳон бар ҳарифи амрикоияш дар 25 сония пирӯз шуд

© Страница Х. Хусравова в FacebookХушкадам Хусравов. Архивное фото
Хушкадам Хусравов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Хушқадам Хусравов ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, ҳарифи худро мағлуб кард, хабар додааст рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифааш дар "Facebook".
Варзишкори тоҷик дар 25 сония бар рақиби амрикоияш Николай Козитский пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳонӣ гузашт.
Ҳамчунин паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов низ дар рақобати нахустини худ дар вазни 58 кило ҳарифаш Чарлз Тайрон (Тринадо Тобаго)-ро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард.
Акмалиддин барандаи чоркаратаи унвони ноиб-каҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо буда, соли 2014 Ҷоми ҷаҳонии самбо ("Мемориал Харлампиев)-ро ба даст овардааст.
Ёдрас менамоем, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад.
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Аз Фаридун то Шоҳида: 14 варзишгар аз Тоҷикистон ба Қаҳрамонии самбои ҷаҳонӣ меравад
Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома меёбад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкта мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.
Гуфта мешавад, мусобиқа дар шароити махсуси санитарии марбут ба пандемияи COVID-19 баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала