Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии самбо роҳ ёфтанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКубок мира по самбо в Москве
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Ду варзишкори номии Тоҷикистон ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, роҳхат гирифтанд.
Хусравов рақибони худ аз Қирғизистон, ИМА, Итолиё ва Русияро мағлуб карду Каримов дар даври ниманиҳоӣ бар намояндаи Қазоқистон Болатбек Раимқулов пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ниҳоӣ Хушқадам Хусравов бо варзишкори қазоқ Жананиет Роҳат рақобат хоҳад кард.
Дар рӯзи аввали мусобиқот Шоҳида Қаландарова дар вазни 59 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ аз рақиби руминиягиаш Валво Анда мағлуб шуд.
Хушкадам Хусравов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Хушқадам дар қаҳрамонии ҷаҳон бар ҳарифи амрикоияш дар 25 сония пирӯз шуд
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад.
Аз Фаридун то Шоҳида: 14 варзишгар аз Тоҷикистон ба Қаҳрамонии самбои ҷаҳонӣ меравад
Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома мекунад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.
Гуфта мешавад, мусобиқа дар шароити махсуси санитарии марбут ба вазъи пандемӣ баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0