Хусравов дар қаҳрамонии ҷаҳон ҷойи дуюм гирифт

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонАкмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, паҳлавонони тоҷик дар риштаи самбо
Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, паҳлавонони тоҷик дар риштаи  самбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Хушқадам Хусравов, паҳлавони тоҷик дар риштаи самбо дар вазни 64 кило ноиб - қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2021 шуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Хушқадам Хусравов дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар шаҳри Тошканд аз ҳарифи қазоқистонияш, Жананият Роҳат шикаст хӯрда медали нуқраро соҳиб шуд.
Хусравов то марҳилаи ниҳоӣ рақибони худ аз Қирғизистон, ИМА, Итолиё ва Русияро мағлуб карда буд.
Дар ин мусобиқа паҳлавони дигари тоҷик, Акмалиддин Каримов ҷои аввал гирифта, қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Қаҳрамони ҷаҳон шуд: Акмалиддин дар 30-солагӣ ба орзуяш расид
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома меёбад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0