Фоҷеаи миллионӣ дар Афғонистон: СҶБ ҳушдор медиҳад

© Sputnik / Саид Закерия / Гузаштан ба хазинаи аксБеженцы из зоны боевых действий в Афганистане
Беженцы из зоны боевых действий в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, то охири сол дар Афғонистон бар асари камғизоӣ ҳадди ақал як миллион кӯдак мемирад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. То авохири соли ҷорӣ дар Афғонистон дастикам як миллион кӯдак бар асари норасоии шадиди ғизо фавт мекунад.
Дар ин бора сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Маргарет Ҳаррис зимни як ҷаласа иттилоъ дод.

"Норасоии ғизо, ки ҳоло дар Афғонистон мавҷуд аст, ба Вазорати беҳдошти ин кишвар сарбории зиёд овардааст. Тақрибан се миллиону 200 ҳазор кӯдаки то 5-сола то охири сол ба камғизоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамзамон як миллион кӯдакро марг таҳдид мекунад", - афзуд Ҳаррис.

Ба гуфтаи вай, СҶБ феълан ба 47 муассисаи тандурустӣ дар 23 вилояти Афғонистон барои табобати кӯдакон кумак ирсол намудааст.
Аммо Ҳаррис мегӯяд, ин кӯмак қатрае аз баҳр аст.
Қаблан сухангӯи дабири кулли Созмони Милал эълом кард, наздик ба 23 миллион нафар ё ҳудуди 55 дарсад аз ҷамъияти Афғонистон то соли оянда дар буҳрони ғизоӣ қарор хоҳад гирифт.
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
СММ: То соли оянда 23 миллион афғонистонӣ ба буҳрони ғизоӣ рӯ ба рӯ мешавад
Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи дабири кулли СММ эълом кард, барои кумак ба 11 миллион нафар дар Афғонистон ин кишвар ба кумаки молии 606-миллиондолларӣ ниёз дорад, ки то кунун 54 дарсади он таъмин шудааст.
Вай ҳамчунин қайд кард, СММ наметавонад пули нақд ва манобеи молии лозимро барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд, таҳия кунад, вале талош дорад, гузинаҳои дигареро барои эҷоди субот дар иқтисоди дар остонаи фурӯпошии Афғонистон пайдо кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала