Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Зодаи Хатлон ва 59 -сола: Киро президент муовини раиси ВМКБ таъйин кард

© пресс-служба президента ТаджикистанаНизом Мирзозода
Низом Мирзозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Мирзозода Низом Юсуфӣ, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон муовини аввали Алишер Мирзонабот таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муовини якуми иҷрокунандаи раиси ВМКБ Мирзозода Низом Юсуфӣ таъйин гардид.
Дафтари матбуотии ҳокимияти ин вилоят хабар медиҳад, ки Мирзозодаро ба ҳайси муовини аввал мушовири калони президент дар бахши кадрҳо Давлатзода Музаффар зимни як ҷаласа муаррифӣ намуд.
Гуфта мешавад, Давлатзода зимни муаррифии муовини аввал аз кордонию таҷрибаи мавсуф гуфта, изҳор кардааст, ки Мирзозода Низом Юсуфӣ дар ин симмат барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт.
Генерал Алишер Мирзонабот раиси нави ВМКБ кист?
Ҳамзамон худи иҷрокунандаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов низ қайд намуд, ки вилоят ба чунин кадрҳои ҳирфаӣ ниёз дорад.
"Итминон дорем, ки бо таъйини чунин шахси кордон соҳаи сохтмон вусъати тоза касб менамояд", - афзудааст Мирзонабот.

Муовини аввали раиси ВМКБ кист?

Мирзозода Низом Юсуфӣ 10 январи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи Вилояти Хатлон таваллуд шуда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа намудааст.
Номбурда хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражданӣ мебошад.
Фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кӯлобдеҳотсоз”-и шаҳри Кулоб оғоз намуда, то муовини раиси вилояти Хатлон рушди касбӣ доштааст.
Лентаи хабарҳо
0