Нашри навори яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат баъди даъвои толибҳо

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Як гуруҳи муборизони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар пайи иддаои толибҳо, ки дар кишвар нерӯи муқовимате нест, наворе нашр карданд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Як гуруҳи ҷангиёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри як навор изҳор доштаанд, ки то охирин қатраи хунашон мубориза мебаранд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи Ҷабҳаи муқовимат таҳти фармондеҳии Ҳасибуллоҳ, изҳор дошт, ки феълан дар яке аз куҳҳои Ҳиндукуш қарор доранду муборизаашонро идома медиҳанд. Ӯ дар ин навор изҳор медорад, ки афродеро пеши нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мефиристанд, бо ин пешниҳод ки зимистон асту муборизаро хотима диҳанду бо толибҳо пайванданд. Ҳасибуллоҳ таъкид намудааст, ки ин талошҳо беҳудаанд ва даъвоҳо, ки муқовимат хотима ёфтааст, бепояанд.
Нашри ин навор дар ҳолест, ки ахиран Толибон эълон карданд, ки нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд ва тамоми Афғонистон таҳти назорати онҳост. Ин нуктаро РИА Новости бо такя ба сухангӯи ин ҷунбиш Аҳмадуллоҳ Восик хабар дода буд.
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Солеҳ боздошти аъзои ДОИШ* дар Афғонистонро дурӯғ хонд: онҳо мухолифинанд
Дар ҳамин ҳол, қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии Ҷабҳа гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муқовимат на танҳо дар Панҷшер, балки дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бадахшон, Балх ва Бағлон низ мустақаранд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо гуруҳҳои тундрав муқовимат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала