Аз даъвати наваскарон то ҷаҳиши нархҳою кори президент: Як моҳи Тоҷикистону ҷаҳон

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Авҷи ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон, оғози даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, сафари президент ба Аврупо, барқкушӣ, гароншавии орду сӯзишворӣ - шарҳи ҳаводису рухдодҳои моҳи гузашта дар гузориши Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Моҳи октябр дар Афғонистон ҳаракати террористии ДИИШ* фаъолтар гардида, чанд ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дод. Дар Тоҷикистон маросими даъват ба хидмати ҳарбӣ ва шикоятҳо аз лимити барқ сар шуданд, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва минтақаҳои Тоҷикистон сафар кард ва инчунин арзиши сӯзишвориву орд боло рафт.
Sputnik Тоҷикистон дар бораи муҳимтарин рухдоду ҳодисаҳои моҳи гузашта гузориши вижа омода намуд.

Ҳалокати беш аз 150 кас аз ҳамлаҳои террористӣ

Авзои Афғонистон яке аз мавзӯъҳои калидии расонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳои ҳамсояи кишвар аст. Ҳудуди се моҳ мешавад, ки давлатро толибҳо азхуд кардаву кӯшиши идораи онро мекунанд.
Коршиносон вазъи кишварро наздик ба фоҷеаи башарӣ арзёбӣ менамоянд - гуруснагӣ ва бӯҳрони молӣ афғонҳоро таҳид мекунад. Бино бар иттилои Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ 14 миллион афғон дар хатари ҳалокат аз фақру гуруснагӣ мемонанд.
Кор то ҷое расидаст, ки дар моҳи октябр расонаҳо аз ҳодисаҳои кӯдакфурӯшӣ дар кишвар хабар доданд. Дар робита бо ин, СММ аз кишварҳои ҷаҳон хоҳиш мекунад, ки ба кумак ба Афғонистон аҷала кунанд.
Аммо аз тарафи дигар гурӯҳи террористии ДИИШ* дар минтақа фаъол шудааст.
Чунончи, дар моҳи сипаришуда, дастикам 5 ҳамлаи террористӣ дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон рух дод, ки бештар аз 150 нафар қурбонӣ дошт.
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Солеҳ боздошти аъзои ДОИШ* дар Афғонистонро дурӯғ хонд: онҳо мухолифинанд
Ҳамин тавр, 3 октябр аз таркиш дар наздикии масҷиди Идгоҳ, ки дуюмин бузургтарин масҷиди шаҳри Кобул ба ҳисоб меравад, хабар дода шуд. Дар натиҷаи ҳамла 12 тан кушта шуда, ба иттиҳоми даст доштан дар он 3 узви ДИИШ* боздошт гардиданд.
Рӯзи 7 октябр дар як мактаби динии музофоти Хусти Афғонистон инфиҷори норинҷаки худсохт ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 7 тан ҳалок шуданд. 8 октябр расонаҳои Афғонистон аз таркиши мудҳиш дар масҷиди шиаҳо дар бандари Хонободи вилояти Кундуз хабар доданд. Шумораи қурбониёни ин ҳодиса аз 100 то 120 нафар аз ҳисоби аҳолии осоишта арзёбӣ мешавад. ДИИШ* масъулият ҳамла ба масҷиди шиаён дар Кундузро ба уҳда гирифт.
Мутаассифона, бо ин ҳамлаҳои интиҳорӣ дар кишвар ба анҷом нарасида, 15 октябр аз таркиши дигар дар масҷиде дар Қандаҳор хабар дода шуд. Ҳамлаи террористиро як маргталаб анҷом додааст. Рӯзи 20 октябр аз таркиши мудҳиш дар Кобул хабар дода шуд. Ҳодиса дар минтақаи Деҳмазанги Кобул, дар маконе рух додааст, ки бинои ситоди пулиси сарҳадӣ он ҷо мустақар аст.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хустӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки бар асари ҳодисаи мазур ду нафар ҷон бохта, шаш тани дигар захмӣ шуд. Миёни онҳо кӯдакон низ буданд, ки мактаб мерафтанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон даст аз муборизаҳо набардоштааст ва то ҳол бо толибон меҷангад. Чунончи, авали моҳ хабар дода шуд, ки дар Панҷшер байни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Ба иттилои манбаъ, ҷанг дар минтақаи деҳаи Заманкури вулусволии Оноба ба вуқуъ пайваст. Муноқиша тақрибан ду соат идома кардаст.
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Намози ҷумъаи хунин: таркиши мудҳише дар як масҷиди Афғонистон
Ба қавли Латифи Пидрам, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон дар Панҷшер ҷанги партизанӣ идома дорад. Вай таъкид кард, ки дар бисёре аз вилоятҳои Афғонистон минтақаҳое ҳастанд, ки таҳти назорати толибҳо қарор надоранд. Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мобайнҳои моҳ эъломияи нав нашр кард ва мардуми Афғонистон хост, ки аз мубориза бо толибҳо даст накашанд.
Вай даъват кардааст, ки барои наҷоти кишвараш дар ин марҳалаи душвор мардум иттиҳод ва ҳамбастагии худро ҳифз кунанд ва аз ҷониби худ ваъда додааст, ки то расидан ба ҳадафҳои машруъ ва барҳақи мардуми хеш аз мубориза ва муқовимат даст бар нахоҳад дошт. Рухдоди дигари муҳими моҳ дар робита бо вазъи Афғонистон сафари намояндагони толибҳо ба Русия буд. 20 октябр намояндагони гурӯҳ дар раъси як ҳайат вориди шаҳри Маскав шуданд. Масъалаҳои асосии ин нишаст вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон, кумакҳои башардӯстона ва ташкили ҳукумати фарогир буд.
Мулоқоти "формати Маскав" бо иштироки ҳайати толибон, вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, намояндаи махсуси президенти Русия Замир Кабулов, сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ва инчунин дипломатҳои кишварҳои минтақа, ки муқими Маскаванд, баргузор шуд. Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири толибҳо дар ҷамъбасти дидори Маскав гуфт, ки ин вохӯрӣ дар фазои мусбат баргузор шуд.

Толибҳо дар муносибот бо Душанбе дипломат мешаванд?

Пештар гузоришҳои зиддунақиз дар бораи таҳдиди толибон ва интиқоли нерӯ ба марз бо Тоҷикистон нашр шуданд.
Ҳамчунин, ахиран, мудири шуъбаи иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Алексей Зайтсев зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон ва ҷангҷӯёни толибҳо нерӯҳои худро ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон интиқол додаанд.
Аммо намояндагони гурӯҳ, аввали моҳи октябр иттилои Вазорати умури хориҷаи Русияро рад карданд. Афзун бар ин, ин гурӯҳ аз талошҳои дипломатиашон барои рафъи танишҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон гуфтанд.
"Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳама кишварҳо дар тамос аст ва барои ба роҳ мондани муносибатҳои хуб кӯшиш мекунад. Иншооллоҳ, ҳама масъалаҳо бо Тоҷикистон баррасӣ мешаванд", - гуфтааст як манбаъ аз ҳаракати мазкур.
Ин дар ҳолест, ки бино бар иттилои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, ҳамарӯза 500-600 нафар саъй мекунанд, ки аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шаванд. Ӯ ин нуктаро мобайнҳои октябр ҳангоми иштирокаш дар 17-умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
"Хусусан дар ду моҳи охир мо мавҷи бузурге аз фирориёнро, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд, мушоҳида мекунем. Шумораи паноҳандагон аллакай аз 15 ҳазор нафар гузаштааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ятимов, ҳар рӯз аз 500 то 600 нафар бо убур аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ин тарафи Ому биёянд.
Зимнан, шумораи шумораи афғонҳои гуреза пас аз ишғоли ҳукумат аз ҷониби толибҳо ба Эрон ва Покистон ҳудуди 3 миллион рақам зада мешавад.

Як моҳи фаъолияти президент Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонд дар авал ва охири моҳи октябр ба вилоятҳои кишвар сафар дошт. Афзун бар ин президент бо сафари корӣ дар Иттиҳоди Аврупо буд.
Дар пайи сафар ба минтақаҳои кишвар дар Тоҷикистон 18 иншооти нав ва ё баъди бозсозӣ ба истифода дода шуданд.
Сафар ба Хатлонро раисҷумҳури кишвар нахуст аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз карда, бо вуруд ба ин ноҳия Маҷмааи даромадгоҳи онро ифтитоҳ кард. Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия, президент 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои тӯлонӣ таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод.
Дар деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, президент бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Дар шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим пурра таъмиру навсозӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, пас аз боздид аз филармонияи таъмиру навсозишудаи Одина Ҳошим дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷмааи варзишии замонавиеро ифтитоҳ кард.
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Корхонаву дармонгоҳҳои Кӯлобро барои 150 миллион сомонӣ қарз ба додгоҳ кашиданд
Ҳамзамон роҳбари давлат зимни сафараш ба ноҳияи Ҳамадонӣ филиали ширкати “Нонпаз”-ро кушод. Сипас роҳбари давлат дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатиро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод рафт.
Дар мавзеи Зартеппаи ноҳия Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор дод, ки он дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин минтақа корхонаи муштараки шарбатбарорӣ ба истифода дода шуд. Дар идомаи сафари корӣ ба Муъминобод раисиҷумҳури кишвар майдони парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияро ба истифода дод.
Рӯзи 7 октябр президент ба Суғд сафар кард. Эмомалӣ Раҳмон баробари ворид шудан ба шимоли кишвар, нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуд.
Эмомали Раҳмон ҳамзамон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро низ ба истифода додааст, ки он бо арзиши 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз шудааст.
Дар рафти сафари раисҷумҳур ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони нав ба истифода дода шуд.
Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Аҳмадзода аз сафар ба Беларус ёдовар шуду кори шаҳрсозони Суғдро интиқод кард
Дар ноҳияи Масчоҳ бошад, 9 октябр президент бинои муассисаи таълимии №37 -ро ба истифода дод. Охирҳои моҳ президент бори дигар ба ноҳияи Темурмалик сафар кард ва муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, баъд аз таъмиру азнавсозӣ боғчаи кӯдаконаи “Бону” ва Кохи фарҳангро мавриди истифода қарор дод. 10 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо рафт ва тайи чанд рӯз дар давлатҳои иттиҳод қарор дошт ва мулоқоту дидорҳо анҷом медод.
Президентро дар ин сафар як раъси ҳукуматӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Нахуст 11 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар Брюсел бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.
Ҳамон рӯз дар Брюсел мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти палатаи намояндагони парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё баргузор шуд. Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин зимн густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурдааст. 12 октябр Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Белгия Филипп мулоқот карда, он кишварро яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо хондааст, хабар медиҳад, котиботи раисҷумҳур.
Президенти Тоҷикистон соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистонро аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номидааст. Ҳамин рӯз Раҳмон бо Кунио Микурия, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон  бо Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше

 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Пешниҳоди Раҳмон: Дар Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса боз шаванд
Президент дар мулоқот бо Микурия изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, такмили маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашуда, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсонӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд. 12 октябр Эмомалӣ Раҳмон нахуст хонум Тери Ҳакала, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ низ мулоқот кард.
Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳо аз масоили асосии робитаҳои дуҷониба мебошанд. Дар ин мулоқот аз муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон шоми 12 октябр озими Фаронса шуд. 13 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар Порис бо кишвардори Фаронса Эманнуэл Макрон мулоқот кард. Дар изҳороти худ сиёсатмадорон тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ ва истихроҷи маодинро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номидаанд.
Дар ин зимн ба ширкати Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии низоми бонкӣ ва молии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносиро муҳокима кардаанд.
Ҳамчунин дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва башарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба Фаронса бо раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше , мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азулей мулоқот намуд.

Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур аз 1 октябр даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз шуд. Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад.
Якумин шуда нақшаи даъватро ду ҷамоати деҳоти Исфара иҷро карданд. Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳи Исфара нақшаҳои даъват ба артишро дар чанд соати аввали рӯзи нахустин иҷро намуданд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кӣ шикаст хӯрд? Тавсифи вазири дифоъ аз артиши Қирғизистон дар даргирӣ бо Тоҷикистон
Рӯзи 20 октябр Вазорати дифоъ гузориш дод, ки давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маърака иҷрои барнома дар ҷумҳурӣ 52 фисадро ташкил медиҳад. Аз миёни вилоятҳо нақша танҳо дар ВМКБ 100 дарсад иҷро шуд. Дар вилояти Суғд 41,2 фисади дастури даъват ба хидмати низомӣ иҷро гардид.

Аз барқкушӣ то “ҷастухез”-и рублу гароншавии сӯзишворӣ

Бо оғози моҳи октябр шикоятҳои мардум дар бораи норасоии барқ ва барқкушӣ дар минтақаҳояшон сар шуд. Сокинон аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии барқ ва ҳатто қатъ шудани он ҳангоми шаб хабар медоданд. Рӯзи 13 октябр пас аз хомӯшии тӯлонӣ "Барқи тоҷик" ниҳоят посух гуфт: "лимит нест, корҳои таъмир иҷро мешаванд".
Дар бозори асъор октябр дар Тоҷикистон бо коҳиши евро оғоз ёфт. Давоми моҳ арзиши рубл бошад ба ҳадди рекордиаш гарон шуд, дар охири октябр нархи он каме коҳиш ёфт. Рӯзи октябр дар қурби расмии пули аврупоиро барои як евро 13.1044 сомонӣ муайян карданд. Як доллар 11,31 сомонӣ арзиш дошт, ҳазор рубл 154 сомонӣ.
Мобайнҳои моҳ болоравии назарраси арзиши рубл дар кишвар ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тавр, 12 октябр ҳазор рубл ба 157 сомонӣ баробар шуд. Ҳамин тавр, давоми моҳ арзиши рубл наздик ба 6 сомонӣ боло рафт.Қариб охирҳои моҳ хабар дода шуд, ки қурби пули русӣ ва доллар дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфт. 29 октябр тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон поён рафта, 1000 рубл ба 159 сомонию 20 дирам баробар шуд.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Тоҷикистон чӣ гуна метавонад Осиёи Марказиро бо нерӯи барқ таъмин кунад
Рӯзи 8 октябр нахуст аз гароншавии маводи сӯхт дар Суғд гузориш дода шуд. Бино ба нархномаи нав, қимати бензини навъи АИ 92 10, 4 сомонӣ ва АИ 95 ба 11 сомонӣ дакка хӯрд.
Нархи сӯзишвории дизелӣ ҳам то ба 9, 5 сомонӣ боло рафтааст. Дар ин миён арзиши гази моеъ 7, 5 сомонӣ, бетағйир боқӣ мондааст.25 октябр нархи сӯзишвории дизелӣ боз афзоиш ёфт. Нархи сӯхти дизелӣ якбора 60 дирам баланд ва ба 10,8 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин миён нархи бензин ҳам 20 дирам тағйир ёфта, вобаста ба навъаш ба 10, 8 ва 11, 2 сомонӣ. 30 октябр тамоюли гароншавии арзиши сӯзишворӣ ба ҳадди рекордиаш расид. Тайи даҳ рӯз нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон беист ва ҳар рӯз ба ҳисоби то 20 дирам баланд мешуд. Агар даҳ рӯз қабл нархи ин навъ маводи сӯхт ҳамагӣ 9,8 сомонӣ буд, 30 октябр ба 11,5 сомонӣ баробар шуд.
Ҳамчунин дар пайи болоравии арзиши сӯзишворӣ нархи роҳкиро дар пойтахт гарон шуд. Тибқи қарори нав, роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ барои истифода аз автобусҳо 1,80, аз тариқи кортҳои якбормасраф 2,80, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 ва аз тариқи кортҳои якбормасраф 2 сомонӣ муқаррар шудааст.
Барои микроавтобусҳо 2,50 ва барои истифодаи таксӣ дар як километр 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст. Хабари дигари иқтисодӣ, ки сокинонро нигарон мекард, ин гароншавии рекордии арзиши орд дар кишвар буд. Охири моҳ арзиши он то 270-310 сомонӣ барои як халта расид, ки он 10-20 сомонӣ гаронтар буд.

Банди нав дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон

Авали моҳ аз воридшавии моддаи нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Тибқи он ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, моддаи 334 иловаи 1 ворид карда мешавад.
Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин, 12 октябр Агентии омори Тоҷикистон баъд аз як соли баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ натиҷаи онро эълон кард. Тайи 50 соли ахир аҳолии Тоҷикистон беш аз 3 маротиба зиёд шудааст.
Аз рӯи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон то як октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил додааст.

Маҳдудият ба сафари кӯдакони то 6-сола ба Русия

Авали моҳ дар Тоҷикистон хабари аҷиб паҳн гардид: сафари кӯдакони то 6-сола ба Русия маҳдуд карда мешавад.
Бо қарори сартабиби давлатии санитарии Тоҷикистон аз 2 октябри соли ҷорӣ бо назардошти онки то 15 сентябр даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия дар кишвар бар зидди бемории фалаҷ анҷом дода шуд, аз ин рӯ сафари кӯдакони то 6 - сола ба мӯҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирони зидди бемории фалаҷ манъ карда шуд. Вазорат аз волидоне, ки фарзандони то синни 6 - соларо доранд, даъват намуд, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз сафар бо кӯдакон ба Русия худдорӣ намоянд.
Рӯзи 9 октябр ҳаҷми маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷик ба ватанашон маълум гарид. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз аввали моҳи январи имсол ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд. Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, тавассути низомҳои интиқоли пул 752 миллион доллар интиқол дода шудааст.
Ҳаҷми миёнаи пуле, ки ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал интиқол дода шудааст, 139 доллар буда, дар семоҳои дуввум ин нишондиҳанда афзоиш ёфта ба 154 доллар расид.
Советник президента РФ, председатель Совета при президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Фадеев: муҳоҷирон бояд забони русиро донанд
Бо ин хабари хушбинкунандаи муҳоҷирон тамом нашуд. Рӯзи 4 октябр хабар дода шуд, ки беш аз сад ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати "афви муҳоҷирон" қарор гирифт. Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба як рӯйхати "афви муҳоҷирон"-и нав ворид шуданд: ба онҳо иҷозаи бозгашт дода мешавад, агар бо қарори додгоҳ ихроҷ нашуда бошанд.
Русия ба он даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бидуни қарори додгоҳ ихроҷ шуда ва вурудашон ба ин кишвар мамнуъ буд, иҷозаи вуруд додааст. Дар пайи ин тағйир танҳо он муҳоҷирони корие, ки вурудашон ба Русия аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ мамнуъ шуда буд, метавонанд ба Русия баргарданд.
Аммо он хориҷиёне, ки бо қарори додгоҳҳои Федератсияи Русия аз ин кишвар ихроҷ шудаанд, то поёни муддатзамони таъйиншуда дар қарори додгоҳ онҳо аз ҳаққи вуруд ба хоки федератсия маҳруманд. Ҳамин тариқ, гуфта мешуд, беш аз сад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд аз ин "афви муҳоҷирон" бархурдор шаванд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала