Профессори озарбойҷонӣ роҳи ҷарроҳии эндовидеоиро ба табибони тоҷик нишон дод - видео

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксОперация по эндопротезированию грудного отдела аорты
Операция по эндопротезированию грудного отдела аорты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз роҳандозии навъи нави ҷарроҳӣ дар кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Нахустин ҷарроҳиҳои эндовидеоиро дар Тоҷикистон профессори озарбойҷонӣ Қурбонхон Муслимов якҷоя бо ҳамтоёни тоҷикаш дар шаҳри Душанбе анҷом дод, гузориш дод Вазорати тандурустии кишвар.
Муслимов, профессори озарбойҷонӣ, ки бо даъвати Вазорати тандурустӣ ба Тоҷикистон омадааст, аз табодули таҷриба миёни табибони кишвар тавсиф намуд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон гузориш доданд, ки ҳамроҳ бо табиби озарӣ нахустин ҷарроҳиҳои эндовидеоӣ муваффақ анҷом дода шуда, минбаъд чунин навъи ҷарроҳӣ дар кишвар роҳандозӣ мегардад.
Таъкид шудааст, ки аз тариқи онлайнӣ ҷарроҳии эндовидеоиро ҳудуди 200 нафар табиби тоҷик аз тамоми қаламрави кишвар тамошо кардаанд.
Вазорати танудурустии Тоҷикистон зикр намуд, минбаъд чунин навъи ҷарроҳӣ дар қаламрави кишвар амалӣ мешавад, ки як навъи дастоварди соҳа дар кишвар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала