Солеҳ боздошти аъзои ДОИШ* дар Афғонистонро дурӯғ хонд: онҳо мухолифинанд

© AP / Rafiq MaqboolВице-президент Афганистана Амрулла Салех
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисҷумҳури фирории Афғонистон, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ худро роҳбари қонунии давлат медонад, иддао дар мавриди боздошти ҳудуди 100 узви ДОИШ* аз сӯйи толибҳоро дурӯғ хонд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ноиби аввали раисҷумҳури фирории Афғонистон иддаои толибҳоро, ки гӯё ҳудуди 100 узви созмони террористии ДОИШ*-ро ба зиндон андохтаанд, бепоя медонад.
Амруллоҳ Солеҳ бо нашри як изҳорот дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, афродеро, ки толибҳо террорист мехонанд, аслан низомиёни собиқ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифин мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, аксари ин боздоштшудаҳо аз минтақаҳое мебошанд, ки толибҳоро қабул надоранд.
"То ҳол толибҳо ҳатто ба касе, аз ҷумла расонаҳо иҷозат надодаанд, ки аз боздоштшудаҳо дар зиндон хабар гиранд", - таъкид намудааст Солеҳ.
Амруллоҳ Солеҳ ноиби аввали раисҷумҳури собиқи Афғонистон мебошад, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар нимаи моҳи августи соли равон,худро роҳбари қонунии давлат эълон карда, таъкид намуд, ки алайҳи ин гурӯҳи тундгаро то охир мубориза хоҳад бурд.
Толибҳо нахуст қисматҳои марзии Афғонистонро ғасб карда, баъдан ба маркази музофотҳо гузаштанд ва аллакай 15 август вориди Кобул шуда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳи тундгаро талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунад, ҳуқуқи инсонро риоя намояд ва иҷозат надиҳад, ки Афғонистон ба манбаи терроризму қочоқи маводи мухаддир мубаддал шавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала